Баҳористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: Гарб → ғарб
Сатри 4:
::Шуд мунаввар ба нури субхони.
 
Абдураҳмони Ҷомӣ дар осмоги пахновари илму адаби форсу точик аз ситорахои дурахшонтарин буда, бо андешахои оли, неруи халлоконаи Сухан, дониши доманадор дар фархангу адабиёт дар силсилаи суханварони бузург ва донишмандони сутург- Рудаки, Фирдавси, Беруни, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, саъдии Шерози ва дигарон ба чунон макоми арчманде сазовор аст, ки уро дар Шарку ГарбҒарб баъзехо хотиматушшуаро, чамъе дар назм баъди Фирдавсию Анварию Саъди пайгамбари чахорум ва гурухе чамъбасткунандаи тамоми муваффакиятхои даврони классики адабиёти форсу точик (асрхои IX XV) медонанд ва Эчодиети уро бар хак тирамохи заррини пурхосили ин адабиёти гаронкадри оламшумул мешуморанд. Ба хамин мучиб таърихи адабиёт, афкори ичтимоию сиёси, фалсафаю ахлок, тасаввуфу ирфон ва умуман симои маънави халки моро бидуни шахсият ва эчодиёти ин чехраи бузурги эчоди намешаввад тасаввур кард. Махбубият ва каробати Чоми бо мардуми мо ба дарачаест, ки гуфтори уро одамони сину соли гуногун, акоиду мафкурахои мухталиф ва вазъияту кайфияти мутакобил, сарфи назар аз шуглу пеша ва омолу андешахои хеш, чун далелу бурхон барои қабулу рад, тақвияту таъзир ва панду андарзи мусоҳиб ба сифати ҳикмати рузгорон ба кор мебаранд.
 
Ганчинаи тамаддуни чаҳони асарҳое дорад, ки чун дурдонахои тобнок вориди он гардида, бо гузашти замонҳо бештар чило медиҳанд. «Калила ва Димна», «Хазору як шаб», «Шохнома», «Гулистон», «хамса» ва амсоли инҳо аз он шумоарнд. Албатта «Баҳористон» низ ба ин гуруҳ джохил мешавад, зеро орн дар тули панчсад соли мавчудияти худ аз нусхс ба нусха, аз сина ба сина ва аз забон ба забон гузашта, ба тароват ва афкори хакимонаи худ ба инсоният Сафо мебахшад ва мардумонро дар ёфти савқи солим, одамгари, ахлоқи хамида, бародари ва хизмат ба халқ менамояд. Онро Чоми баҳори соли 892 ҳичри, ки ба соли 1487 баробар аст, дар пайравии «Гулистон»-и Саъди Шерози чун мутобиқи дарси барои писари худ Зиёуддин Юсуф, ки он вақт даҳ сола буд, таълиф намудааст. Вале масъалаҳои ахлокиро Чоми на бо шеваи илми, балки бо сабки бадеъи баён мекунад «Баҳористон» аз мукаддима, хотима ва ҳашт боб иборат аст.
«Бахористон», ки дар 73 солагии Чоми зеби ракам гардидааст, як навъ асари чамъбаткунандаи гояву ақоиди чамъиятшиносии мутафаккири забардаст буда, андешаву афкори адиб дар он ба ьавти соддаву равшан ифода ёфта, онҳоро дар сурати хулосаҳои фикр дастраси оммоҳои васеъ сохтааст. Муаллиф ҳангоми таълиф пеш аз ҳама дар шахсияти писараш мақсади тарбияи насли наврас ва дар чавонон парваридани ахлоқи некро дар мадди назар дошта, ба тарзи хосе ҳам аз орифон, ҳам аз дурдонаҳои андешаю афкор ва ҳикмати донишмандони бузург, ҳам аз нақли амали хайри ҳокимону мансабдорон, ҳам аз ривояти хайру саховати муболигомези афроди таърихи ҳиммату некукории шахсони афсонави, ҳам аз тасвири изтиробу гудози ишқ фикри худро баён кардааст.
 
Абдураҳмони Чоми дар «Баҳористон» ба бисёр масъалаҳои муҳими замонаш дар девонҳою маснавиҳояш иброз карда буд. У танҳо як чизро мехост, орзу дошт, ки ҳаёту зиндагии халқ хуб бошад, зулму бедодгари барҳам хурад. Нависанда чамъиятро ба золимону мазлумон таксим карда, ба мукобили золимон ва берахмию бешафқатии онхо мебарояд. У золимонро танкид карда, онхоро аз шуру исёни халқ-мазлумон огоҳ месозад.
 
Чоми шохону хокимони золимро мазаммат намуда, пардаи фиребу найрангро аз руяшон дур мепартояд. Подшохоне дар зери ниқоби дини мубини ислом ба халки мехнаткаш зулм мекарданд. Чоми ба ин гунна шохон нафрат дорад. Вай шохони бедин, яъне кофири одилро аз шохони диндори золим баландтар хисоб иекунад. Агар шох одил набошад зулм ривоч гирифта, пояи давлст ноустувор мегардар. Аз ин ру, ба мансабхои давлати шахсони поквичдон, росткору бомаърифатро интихоб кардан лозим аст,- мегуяд Чоми. Чоми одмонро ба дустию рафокат, накукори, саховату олихиммати даъват кардааст.
 
Дар яке аз хикоятхои Чоми, ки дар он ду чавон аз табакаи поении чамъият иштирок доранд. Хикоят чунин огоз меёбад: «Шабе дар масчиди чомеи Миср оташ афтоду бисухт. Мусулмононро таваххуми он шуд, ки онро насоро карданд. Ба мукофоти он, оташ дар хонаҳои эшон андохтанд ва бисухтанд. Султони Миср чамоматеро, ки оташ дар хонаҳои эшон андохта буданд, бигрифту дар як чой чамъ кард ва бифармуд, ки то ба адади эшон руқъаҳо навиштанд: дар баъзе куштан, дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо дар эшон афшонданд. Ба ҳар касс ҳар руқъае, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомила карданд. Яке руқъа ки мазмуни он ба куштан буд, дар кассе афтод.
Сатри 20:
 
Манн модар надорам.
Инро ба чои вай бикуштанд ва онро ба чои ин тозиёна заданд.
 
::Ба симу зар чавонмарди тавон кард,
Сатри 27:
::Ҳаёти худ фидои чони у сохт.
Қаҳрамони ин хикоят аз марг наметарсад. Вале вай модари пири бекас борад ва барои нигохубини модар, парастории у мурдан намехохад. Чавонмардии кахрамони дигар аз чавони аввала боз олитар аст. У ба хотири модари пири рафикаш худро ба куштан медихад. Дар образи ин ду чавон нависанда хислатхои бехтарини инсониро чамъбаст кардааст.
 
Панду андарзхои «Бахористон» хар як фарди чомеаро ба матонату устувори, далерию ватандусти, ростию поквичдони, хунаромузи даъват менамояд. Асари мазкур ба забонхои гуногуни халххои Дуне тарчума шудааст. Асар шухрати чахони дорад.