Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот викифонида истодааст, replaced: ) як → ) — як
Сатри 14:
 
==Эҷодиёт==
Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17 -солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.
 
Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони «Шукуфаи адабиёт» бо ҳуруфи арабӣ аз чоп баромад. Ин аз як тараф, албатта, наметавонист шоирро хурсанд накунад, вале аз тарафи дигар ӯро малул гардонид.
Сатри 28:
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
 
Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани Бектош гардидааст: «Аз ин нуқтаи назар Пайрав дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.
Сатри 36:
Раҳим Ҳошим ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1934 18 шеъри лирикии Пайравро дохил намудааст.
 
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав – Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ тасдиқ мекунад: «Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова шудааст».
 
Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав нишон дода шудаанд.
Сатри 238:
Дар охир мехоҳам ба як иштибоҳе, ки дар матбуот доир ба таърихи эҷоди шеъри «Ҳол ва Мозӣ»-и Пайрав рух додааст, равшанӣ андозанд.
Лола Сулаймонӣ дар сухани худ ба шеърҳои тоза ёфтшудаи Пайрав, ки зикраш дар боло рафт, чунин навишта аст:
Яке аз шеърҳои номатбӯи Пайрав бо унвони « Ҳол ва Мозӣ» аст. Соли 1989 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1989, №4) як шеъри Пайрав ба истиқболи «Ҳол ва Мозӣ»-и оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан – дабири рӯзномаи «Фикри озод» чоп шуда буд. Ин шеъри дуввум аст, ки ба мавзӯи «Ҳол ва Мозӣ» бахшида шудааст.
Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри дуввуми Пайрав «Ҳол ва Мозӣ»-ро истиқбол кардааст. Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри «Ба духтари Чингиз» навишта шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст. Пайрав ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:
<blockquote>