Тахористон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х →Нигаред: иловаи гурӯҳ |
No edit summary |
||
Сатри 3:
Тахориҳо ба Бохтар(давлати Юнону Бохтар) якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат аз юнониён ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ кишвар нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосй ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи [[тоҷик]]он дохил мегарданд. Сипас Тахористон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар бораи мулкҳои ҷудогонаи Тахористон – Хуттал, Вахон, Шуғнон, Чағониён, Шумон сайёҳ ва зоири дигари буддоӣ Хой-Чао, ки соли 726 ба [[Вароруд (Варазруд)]] омада буд, маълумот медихад. Тахористон навохии имрўзаи ҷанубии
|