Абдуҷаббор Раҳмонзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х {{манбаъ}} {{викифонидан}}
х таҳрир
Сатри 7:
|Зодрӯз=[[15 март]]и соли [[1959]]
|Зодгоҳ=[[деҳаи Андароб|Андароб]], [[ноҳияи Кӯлоб|Кӯлоб]], [[вилояти Хатлон|Хатлон]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|Вазифа=ходими давлатӣ, сарвариакадемик донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнӣ
}}
'''Абдуҷаббор Раҳмонов''' - олим, ходими давлатӣ, академики [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
 
== Зиндагинома ==
'''Абдуҷаббор Раҳмонов''' Абдуҷаббор- [[15 – уми мартимарт]]и соли [[1959]] дар деҳаи Андароби [[ноҳияи Кӯлоби вилояти ХатлонКӯлоб|Кӯлоб]] таваллуд шудааст. Соли 1978 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин ( ҳоло - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо баҳои аъло хатм намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон адои вазифа намуда, ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди дифои рисола аввал, ба сифати ассистент, баъдан ба сифати саромӯзгор ва дотсенти кафедраи фавқуззикр адои вазифа намуда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт таҳия ва нашр намудааст. Аз соли 1995 то соли 1999 ба сифати мудири шӯъбаи таълими Донишгоҳи мазкур кор намуда, баъдан ба хотири ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 рисолаи доктории худро дар мавзӯи « Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] бо муваффақият дифоъ намудааст. Соли 2000-ум ба сифати мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ин шӯъба кор намудааст. Сипас, ба шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Соли 2004 ба сифати Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2005 то моҳи январи соли 2012 ба сифати Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти пурсамар намудааст. Аз январи соли 2012 то ба имрӯз2014 Ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ]] ва ҳоло ёрдамчии [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] мебошадаст.
 
==Осор==
Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик шинохта шуда, доктори илми филология, профессор академики Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.
 
Line 29 ⟶ 30:
 
Номбурда дар соҳаи фарҳанг низ якчанд мақола таҳия карда, дар бораи чеҳраҳои зиёди фарҳангӣ мазмунҳои алоҳида таълиф кардааст. Мақолаҳои вай дар бораи асарҳои драмавии Юнони қадим, рассомони машҳур, асарҳои драматургони тоҷик, нақши эҷодкорон дар рушди саҳнаи тоҷик ва ғайра дар матбуоти даврӣ нашр шудааст. Бо ташаббуси вай лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, соли 2006 аз чоп баромадааст, ки муқаддима, ва боби «Фарҳанг ва низоъ»-и он ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
 
Мақолаҳои Раҳмонов А. А., бо забони русӣ ва англисӣ низ ба чоп расидааст. Рисолааш бо номи « Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсӣ- тоҷикӣ» соли 2009 бо хатти форсӣ дар нашриёти « Мадраса» - и Ҷумҳурии Исломи Эрон аз чоп баромад. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаи номбурдаро бо унвони «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» ба хатти форсӣ бо таҳриру иловаҳо соли 2011 аз чоп баровада, пешниҳоди форсизабон намуд.
==Мукофот==
 
Раҳмонов А. А., бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф», (2006), « Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012) мукофотонида шудааст.
== Манобеъ ==
* Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.- Душанбе, 2011.
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]