Багам: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
:'''Аҳолӣ'''. Аҳолии ҷазираҳои Багам асосан багамиҳоянд (85%) – аз авлоди ғуломони зангӣ; 10% – англисҳои маскуншуда ва боқимонда аз [[Осиё]] ва мамлакатҳои испанизабони Амрикои Лотинӣ. Аҷдоди багамиҳо ба қабилаҳои гуногуни [[Африқо]] мансуб буда, онҳоро аз он ҷо мустамликадорони англис дар асрҳои 17–19 овардаанд. Забони расмӣ – англисӣ. Аксарияти диндорон католиканд. Аҳолиаш нобаробар ҷой гирифтааст, 70%-и аҳолӣ дар ҷазираи Ню-Провиденс ва 15% дар ҷазираи Багами Калон маскун шудаанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 – 22,4 нафар. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна – 65,6 сол, аз ҷумла занҳо – 69,1 ва мардҳо – 62,2.
:'''Иқтисодиёт'''. Иқтисодиёти Багам аз соли 1950 дар соҳаи хиз­матрасонӣ тахассус пайдо кардааст. Ба соҳаи сайёҳӣ баъди солҳои 60 асри 20 хидматрасонии молиявӣ (бонкӣ) илова гардид. Аз нисф зиёди аҳолии мамлакат ба тиҷо­рати сайёҳӣ машғул аст. Сайёҳон бештар аз Амрико меоянд. Моҳидорӣ, истеҳсоли намак, нафт, семент, машрубот ва саноати дорусозӣ тараққӣ кардааст. Асосан ананас, помидор, картошка ва мева парвариш мекунанд. Аксари соҳаҳои иқтисодиёт зери назорати сармояи хориҷӣ мебошанд.
:'''Таърих'''. Ҷазираҳои Багам соли. 1492 аз тарафи Христофор Колумб кашф гардида, сокинони аввалини он тахминан аз а. 9 маскун буданд. То замони кашф гардидани Багам аз тарафи аврупоиён дар он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагонӣ мекарданд. Соли 1718 Багам мустамликаи Британия шуд. Соли 1781 аз тарафи испаниҳо тасарруф гардид ва соли 1783 боз ба ихтиёри Британия гузашт. Соли 1781 дар Британияи Кабир ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд ва дар Багам низ ғуломонро озод карданд. Тибқи Конститутсияи нав соли 1964 Багам ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Аз соли 1973 Багам давлати соҳибистиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Британия мебошад.
:'''Матбуот, радио ва телевизион'''. Воситаҳои ахбори омма озоданд ва аз тарафи давлат ҳеч гуна маҳдудият нисбат ба онҳо ба назар намерасад. Ягона ширкати телеви­зионӣ – ZNS Bahams, ки аз тарафи Корпоратсияи радио ва телевизиони Багам маблағгузорӣ мешавад, бо ҳукумат ҳамкорӣ дорад. Рӯзномаҳои «The Bahama Jour­nal», «Freeport New The Nassau Guardian» ва «The Tri­bune» ҳафтае 2 маротиба нашр мешаванд.
== Манбаъ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Багам"