Фарқият байни намунаҳои "Афинаи Қадим"

no edit summary
(Саҳифаи нав: АФЍНАИ ҚАДЍМ, шаҳри асосии Аттика дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз д...)
 
'''АФЍНАИ ҚАДЍМ''', шаҳри асосии [[Аттика]] дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз давраи [[неолит]] зиндагӣ доштанд. Дар ҳазораи 2 то м.мелод дар [[Акропол]] – сахраи дар маркази шаҳр ҷойгирифта нахустин қалъаҳои қабоили [[пеласгҳо]] сохта шуда буданд. Ҳамчунин баъдтар дар асри 6 то мелод дар ин ҷо маъбади илоҳа [[Афина (асотир)|Афина]] эъмор шуд. Дар даврони [[ҷангҳои Юнону Форс]] (480 ва 479 то мелод) [[форсҳо]] ду маротиба Афинаро вайрон карданд. Пас аз ронда шудани форсҳо аз [[Юнон]] бо ибтикори [[Фемистокл]] (сипаҳсолори машҳури юнонӣ) гирдогирди шаҳр девори муҳофизатӣ сохта шуд. Асосан сохтмони минбаъдаи шаҳр дар давраи [[Перикл]] (нимаи дуюми асри 5 то мелод) авҷ гирифт. Таҳти роҳбарии меъмори бузург [[Фидий]] дар Акропол ансамбли классикии афинӣ бунёд ёфт. Дар нимаи дуюми асри 4 то мелод бо ташаббуси Ликург дар Афина варзишгоҳ, театр (аз санг) ва ҷойи баргузории маҷлиси ом сохта шуданд. Соли 86 то мелод сипаҳсолори римӣ [[Сулла]] Афинаро забт ва ғорат кард.<br />Аксари иншооти маъруфи минбаъдаи шаҳр бо фармони император [[Адриан]] сохта шуданд; аз ҷумла таҷдиди маъбади [[Зевси Олимпӣ]] ба ин давра мансуб аст. Соли 262 мелодӣ аз тохтутози қабилаҳои барбарии готҳо ва герулҳо хеле хароб гардид. Баъди бо фармони [[Юстинини 1]] баста шудани мактаби фалсафӣ (529) ва таҳкими масеҳият инқирози тадриҷии Афина оғоз гардида, ба як шаҳри музофотии империяи [[Руми Шимолӣ]] табдил ёфт. Нигаред низ [[Юнони Қадим]]
Аксари иншооти маъруфи минбаъдаи шаҳр бо фармони император Адриан сохта шуданд; аз ҷумла таҷдиди маъбади Зевси Олимпӣ ба ин давра мансуб аст. Соли 262 мелодӣ аз тохтутози қабилаҳои барбарии готҳо ва герулҳо хеле хароб гардид. Баъди бо фармони Юстинини 1 баста шудани мактаби фалсафӣ (529) ва таҳкими масеҳият инқирози тадриҷии Афина оғоз гардида, ба як шаҳри музофотии империяи Руми Шимолӣ табдил ёфт. Ниг. низ Юнони Қадим
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / ''Б. Раҳматов.''
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Таърих]]
235

edits