Афинаи Қадим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[File:Athènes Acropole Caryatides.JPG|thumb|Акрополиси Кариатида]]
'''АФЍНАИ ҚАДЍМ''', шаҳри асосии [[Аттика]] дар 5 километрии соҳили баҳр. Дар ин мавзеъ одамон ҳанӯз аз давраи [[неолит]] зиндагӣ доштанд. Дар ҳазораи 2 то мелод дар [[Акропол]] – сахраи дар маркази шаҳр ҷойгирифта нахустин қалъаҳои қабоили [[пеласгҳо]] сохта шуда буданд. Ҳамчунин баъдтар дар асри 6 то мелод дар ин ҷо маъбади илоҳа [[Афина (асотир)|Афина]] эъмор шуд. Дар даврони [[ҷангҳои Юнону Форс]] (480 ва 479 то мелод) [[форсҳо]] ду маротиба Афинаро вайрон карданд. Пас аз ронда шудани форсҳо аз [[Юнон]] бо ибтикори [[Фемистокл]] (сипаҳсолори машҳури юнонӣ) гирдогирди шаҳр девори муҳофизатӣ сохта шуд. Асосан сохтмони минбаъдаи шаҳр дар давраи [[Перикл]] (нимаи дуюми асри 5 то мелод) авҷ гирифт. Таҳти роҳбарии меъмори бузург [[Фидий]] дар Акропол ансамбли классикии афинӣ бунёд ёфт. Дар нимаи дуюми асри 4 то мелод бо ташаббуси Ликург дар Афина варзишгоҳ, театр (аз санг) ва ҷойи баргузории маҷлиси ом сохта шуданд. Соли 86 то мелод сипаҳсолори римӣ [[Сулла]] Афинаро забт ва ғорат кард.<br />Аксари иншооти маъруфи минбаъдаи шаҳр бо фармони император [[Адриан]] сохта шуданд; аз ҷумла таҷдиди маъбади [[Зевси Олимпӣ]] ба ин давра мансуб аст. Соли 262 мелодӣ аз тохтутози қабилаҳои барбарии готҳо ва герулҳо хеле хароб гардид. Баъди бо фармони [[Юстинини 1]] баста шудани мактаби фалсафӣ (529) ва таҳкими масеҳият инқирози тадриҷии Афина оғоз гардида, ба як шаҳри музофотии империяи [[Руми Шимолӣ]] табдил ёфт. Нигаред низ [[Юнони Қадим]]
== Манбаъ ==