Бободӯсти Торамӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ= БОБОДӮСТИ ТОРАМӢ |Номи аслӣ= بابادوست طارمی |Акс= |Зодрӯз= |Зодгоҳ= |...
(бе тафовут)

Нусха 08:31, 19 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома БОБОДӮСТИ ТОРАМӢ(порсӣ: بابادوست طارمی) шоири форсизабони Ҳиндустон (а. 16).

Зиндагинома

Нисбаи Торамӣ ишора ба ватани аҷдодаш – Торам – мавзее дар шим. ш. Занҷони Эрон аст. Дар ш. Машҳад таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз Машҳад ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори ҳукмрони ин кишвар Ҳумоюн (ҳукмр. 1532–56) роҳ ёфт. Ҳамроҳи Ҳумоюн ба Эрон омада будааст. Аз девонаш иттиллое дода нашудааст. Дар тазкираҳо аз эҷодиёташ намунаҳо оварда шудаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Фарёд, ки бо аҳли вафо ёр ҷафо кард,

Афсӯс, ки қатъи назар аз суҳбати мо кард.

Бо рӯйи чу гул ойинаи бебасарон шуд,

Қатъи назар аз суҳбати арбоби вафо кард.

...

Маҳ аст рӯйи ту ё офтоб, аз ин ду кадом аст?

Бунафша мӯйи ту ё мушки ноб, аз ин ду кадом аст?

Адабиёт

أحمدگلچینمعانی. کاروانهند. ج. ۱. مشهد،۱۳۶۹هـ. ش؛

دانشنامۀأدب فارسی. أدبفارسیدرشبهقاره. بخش۱. تهران،۱۳۸۰هـ. ش

Манбаъ

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2