Муҳаммадҷон Шодӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи манбаъ
х таҳрир
Сатри 11:
==Зиндагинома==
Муҳаммадҷон Шодиев [[5 январ]]и соли [[1954]] дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози [[ноҳияи Ашт]] ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст.
Соли 1979 [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]]ро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.
Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад.Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ зиёд ҷойи корро намебинед. Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.
==Эчодиёт==
Сатри 22:
Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад.
Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад.
Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.
Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадҷон Шодиев ваъда намудааст, ки ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъори [[Лоиқ Шералӣ]]ро интизор бошанд. Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст. <ref>[http://www.tojnews.org/tj/personality/mukhammadchon-shodiev Муҳаммадҷон Шодиев]</ref>,