Муҳоҷирҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
муҳоҷирҳо
(бе тафовут)

Нусха 14:44, 4 апрели 2015

Дар аввал ашрофи қабилаҳои араб ба иқдоми Муҳаммад (с) пайғамбар оид ба эътиқод овардан ба Оллоҳ ба назари нобоварона ва ҳатто душманона нигариста, аз дину худоҳои сершумори авлодию қабилавии худ даст намекашиданд. Чи тавре ки гуфта шуд, қурайшиҳо ҳатто Муҳаммад (с) пайғамбар ва пайравони ӯро куштанӣ ҳам буданд. Барои ҳамин ӯ соли 622 маҷбур шуд, ки аз Макка ба шаҳри дигари арабии Ясриб сафар, яъне ҳиҷрат кунад, ки ин сафар дар таърихи дини ислом ҳамчун "ҳиҷрат"-и Муҳаммад (с) пайғамбар аз Макка ба Мадина машҳур аст. Мусулмонони Макка, минбаъд - Муҳоҷирҳо номида шудаанд.

Пайвандҳои беруна

Пайдо шудани дини Ислом