Ҳомидҷон Зоҳидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳомидҷон Зоҳидов
 
Сатри 5:
Авҷи фаъолияти Ҳ. Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди беҳамтои риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ «[[Хазинаи тибби қадим]]» (1990), «[[Канзи шифо]]»(1991, тарҷимаи ӯзбекиаш 2004) ба чоп расиданд. Дар рӯзномаҳо якчанд мақолаҳояш, инчунин саволу ҷавобҳояш («Тоҷикистони Советӣ» 27.01.1990, 16.06.1990) бо хонандагон дарҷ гардид. Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд. Ӯ дар ҳақиқат беҳтарин омӯзгор ва тарғибгари беғарази асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии давоҳои гиёҳӣ буд.
 
== Пайванди муаллиф==
== Пайвандҳои беруна ==
*[http://zarowadk.ru/kanzi-shifo/mukhallas.html#more-986 Канзи шифо Ҳомидҷон Зоҳидов]