Абдуҷаббор Раҳмонзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: Хамчу → ҳамчу
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Фаъолияти илмӣ: бот: кор карда истодааст., replaced: руз → рӯз
Сатри 15:
Раҳмонов Абдуҷаббор узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи докторӣ ва чаҳор нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳозир бошад, зери роҳбарии номбурда ду нафар аз хориҷи кишвар ва панҷ нафар аз дохили ҷумҳурӣ рисолаҳои хешро ба анҷом расонида истодаанд.
 
Раҳмонов А. А., аз солҳои 80-уми садаи ХХ то ба имрӯз дар мавзӯъҳои мухталифм адабиёт, забон ва фарҳанг мақолаҳои илмӣ - омавӣ таҳия намуда, мақолаҳояш дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидаанд. Дар бораи проблемаҳои замону макони бадеӣ дар адабиёт ва нақши он дар тафаккури эҷодӣ низ тадқиқоти судманд ба анҷом расонида, дар ин бора якчанд мақолаҳои проблемавӣ таҳия кардааст, ки намунаашон мақолаҳои «Мавқеи замони бадеӣ дар романи «Палатаи кунҷакӣ»- и Фазлиддин Муҳамадиев, «Структураи замони бадеӣ дар повести «Як рузирӯзи дароз» - и ӯрун Кӯҳзод», «Таркиби замони бадеӣ дар адабиёти классики форсӣ - тоҷикии асрҳои X-XI» ва рисолаи «Маърифати замон» мебошад, ки соли1996 аз нашр баромадааст.
 
Раҳмонов А. А., дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик, таърих ва шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, бо қалами ӯ барномаҳои «Адабиёти садаи ХХ- и форсии тоҷикӣ» бо ҳамроҳии Х. Асозода (соли 1995), ва «Устурашиносӣ» (2007), тааллуқ доранд.