Александр Степанович Ленский: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи акс
х илова
Сатри 11:
'''Ленский Александр Степанович''' - (1910 – 1978) – оҳангсоз (композитор), дирижёр, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1945)
==Зиндагинома==
Александр Степанович Ленский дар деҳаи Нечаевкаи уезди Сарански губернияи Пензаи Россия дар оилаи муаллими деҳотӣ таваллуд шудааст. Соли 1932 А. Ленский ба Консерваторияи давлатии [[Москва]] дохил мешавад. Пас аз хатми консерватория, дар синни 27-солагӣ А. Ленский ба муддати тӯлонӣ ба Тоҷикистон омад, то ин ки дар бунёду ташаккули санъати мусиқии касбии ҳозиразамон дар ҷумҳурии ҷавон бевосита ва фаъолона иштирок намояд. Ҳангоми кор ба ҳайси мудири қисми мусиқӣ, дирижёр ва оҳангсози театри[[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ|Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]], вай бисёр намоишномаҳоро ороиши мусиқӣ дод. Соли 1938 дар арафаи таъсисёбии [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии тоҷик]] ӯ оркестри миллии созҳои халқиро ташкил намуда, роҳбари бадеии он мегардад. Соли 1955 А. Ленский ба [[Москва]] меояд ва новобаста аз беморӣ минбаъд низ, дар давраи москвагии ҳаёти хеш, аз нав ба мавзӯи тоҷикӣ баргашта, бо шавқ эҷод мекунад. Масалан, барои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва соли 1957 вай операи «Хосият»-ро навишта, таҳрири дуюми балети «Дилбар»-ро ба анҷом мерасонад.
Дар [[Москва]] А.Ленский ба сексияи хори назди Иттифоқи оҳангсозон роҳбарӣ намуда, аъзои Шӯроҳои гуногуни бадеӣ мешавад.
 
==Эҷодиёт==
Ҳангоми омодагӣ ба Даҳаи санъати тоҷик дар [[Москва]] (соли 1941), ӯ солҳои 19341939 – 1940 А.Ленский нахустбалети тоҷик балети «Ду гул»-ро эҷод мекунад, ки он бомуваффақият дар [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]] ва манзури тамошобинони [[Москва]] гардонида шуд. Барои ин балет муаллиф бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.
Соли 1946 вай дар созмондиҳии лекторийи мусиқии Филармония саҳми калон гузоштааст. Ғайр аз ин, пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ А.Ленский дар ташкили Иттифоқи композиторони ҷумҳурӣ бевосита иштирок намуда, баъдтар, солҳои 1948 – 1955, онро роҳбарӣ менамояд.
А. Ленский дар тарбияи кадрҳои миллии мусиқӣ ва оҳангсозӣ нақши бузург бозидааст. Дар байни шогирдони ӯ чунин оҳангсозони барҷаста, ба монанди Ш.[[Шарофиддин Сайфиддинов]], Я.[[Ёқуб Сабзанов]], Х.[[Хайрулло Абдуллоев]], Ҷ.[[Ҷӯрабой Охунов]] ва бисёр дигарон буданд.
==Мукофот==
Соли 1945 А. Ленский бо унвони Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардид.
Фаъолияти ӯ бо ду ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия», «20-солагии Ғалаба», «Барои меҳнати шоён», ба ифтихори 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «30-солагии Ғалаба», «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.
Бо назардошти хизматҳои бузурги оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон дар рушди санъати мусиқии чумҳурӣ ва бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи ӯ бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз [[23 июнииюн]]и [[соли 1980]]) мактаби бачагонаи мусиқии №3 шаҳри Душанбе ба номи А.С. Ленский гузошта шудааст.
==Осор==
Асарҳои саҳнавӣ:
Сатри 70:
* 1939 – Ду маҷмӯаи фолклорӣ дар Сталинобод чоп шудаанд.
* 1956 – «Музыкальная культура Таджикистана», брошюра
* 1970 – 1978 – «Искусство хоровой аранжировки». Китоби дарсӣ. <ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 93-97</ref>
* (ҷузва).
* 1970 – 1978 – «Искусство хоровой аранжировки». Китоби дарсӣ.
* Москва.
== Манбаъ ==
{{ЭСТ}}
* Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Санъати Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дирижёрони театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]