Зиёдулло Шаҳидӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: иловаи гурӯҳ
х →‎Ҳолнома: илова
Сатри 15:
Соли [[1939]] ба [[Сталинобод]] (ҳоло – [[Душанбе]]) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (1939-1952)кор кардааст. Ӯ аз оҳангсозони барҷастаи рус А.С. Ленский ва С.А. Баласанян дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи [[Москва]] (1949) ва шӯъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии [[Иттиҳодии Шӯравӣ]] дарси ҳунару маҳорат омӯхт.
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
Аз нимаи дуюми солњои 60-ум Зиёдулло Шаҳидӣ бештар ба жанри симфонї мароқ зоҳир менамояд.
Бояд зикр намуд, ки охири солњои 60-ум –70-ум бисёр композиторони тоҷик ба Шашмақом рў меоварданд. Новобаста аз он, ки дар ибтидо ӯ касбияти мусиқии суннатии тоҷик, аз љумла Шашмақомро эътироф накард (ниг.: Ҷамъбасти мубоҳиса доир ба масъалањои инкишофи мусиқии тоҷик (ҷавоб ба З. Шањидӣ //Точикистони Советӣ, 6 май, 1957), баъдтар ў муносибати хешро нисбат ба ин шоҳасар тағйир медињад ва дар љодаи маќоми симфонӣ достони «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо»-ро меофарад. Асари
«Симфонияи мақомҳо» дар съезди VI Иттифоќи композиторони СССР ва симпозиуми байналмилалии мусиќишиносон бахшида ба мақомот (Самарқанд, 1983) садо дод ва дорои тақризњои хеле хуб
гашт.
Охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум марҳилаи пуравҷи фаъолияти эҷодии композитор мебошад. Ӯ асарҳои калонҳаҷми достони симфонии «Ба хотираи М. Турсунзода» (1979), операи «Ѓуломон» аз рӯи асари С. Айнӣ (1979), ораторияи «Дар васфи Ленин»(1981)-ро бар шеърҳои С. Айнӣ ва М. Турсунзода эҷод мекунад.
З. Шаҳидӣ дар корҳои раёсати Иттифоқи композиторон ҳам фаъол буда, солҳои 1956-1960 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторон кор кардааст.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 254-256 </ref>
 
==Эъҷодиёт==