Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст., replaced: хочаг → хоҷаг (7), Иттиход → иттиҳод (2), Точикистон → Тоҷикистон (13), точик → тоҷик (15)
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Ниёгони тоҷикон дар давраи қадим: бот: кор карда истодааст, replaced: чамоат → ҷамоат
Сатри 480:
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш [[Бохтар]] ва [[Суғд]]ро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунй шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ - Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати [[Юнону Бохтар]] ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосй ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи [[тоҷик]]он дохил мегарданд. Сипас [[Тахористон]] якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
 
Дар асрҳои VI-V ба [[Суғд]] ва [[Тахористон]] қабилаҳои даштнишини Ҳайтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кӯҳна, нақши калони чамоатҷамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
 
Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққй мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии [[Осиёи Миёна]] буд. Қасру иншоотҳои мазҳабй, толорҳои бошукӯҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзӯи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадей, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).