Нозирҷон Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[thumbnail]]
 
'''АРАБЗОДА (ҚУЛМАТОВ) Нозир'''
20.12.1940 – 05.03.2004
Сатри 5:
'''Фишурдаи зиндагинома'''
 
'''[[Нозир Арабзода]]''' 20 декабри соли 1940 дар деҳаи [[Ашт]] дар хонадони зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи Умари Хайёми деҳаи мазкурро бо медал хатм кардааст (1957). Факултаи филология ва таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо дипломи сурх хатм намудааст (1962). Аспиранти шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962-65), ходими хурди илмӣ (1965-68), ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Точикистон (1968-70), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1970-94), дотсенти кафедраи фалсафаи маданияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-96), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (1996-...), профессори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (... -2004). Муаллифи асару мақолахои сершумори илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафаи халки точик, аз ҷумла пажӯҳишҳои бунёдӣ дар бораи таълимоти фалсафии [[Носири Хусрав]], [[Фахруддини Розӣ]], [[Ибни Сино]], [[Саъдии Шерозӣ]], [[Насриддини Тӯсӣ]] ва дигарон мебошад. Саҳми Нозир Арабзода дар таълифи китобҳои дарсии фалсафӣ низ басо назаррас аст. Аз ин қабил осори бузургҳаҷм, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо олимону муҳаққиқони тоҷик офаридааст, метавон “Очеркҳои таърихи фалсафа”-ро зикр кард. Нозир Арабзода 5 марти соли 2004 дар [[Душанбе]] чашм ба дунё пӯшид.
 
'''Унвони илмӣ''':