Рубоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
х илова
Сатри 2:
[[Акс:Rubab.jpg|thumb|Рубоб]]
 
'''Рубоб''' ({{забон-код|fa|رباب}}, {{забон-код|hi|रुबाब}}) — сози тории мусиқӣ дар кишварҳои [[Осиёи Миёна]] ва аз он ҷумла дар [[Тоҷикистон]] мебошад. Дар [[Тоҷикистон]] ва [[Афғонистон]] рубоб ҳамчун сози мусиқии миллӣ ба ҳисоб меравад.
 
Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда. Маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст. Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои ''рабоб'', ''ребаб'', ''ребак'' ва ғ. интишор шудааст.
Дар [[Тоҷикистон]] ва [[Афғонистон]] рубоб ҳамчун сози мусиқии миллӣ ба ҳисоб меравад.
==Таърих==
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини [[Эрон]] ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст. Аз рубоби яктора бештар шоирону гӯяндагони халқӣ, аз рубоби 2-3 тора ромишгарон ва муғанниёни касбӣ барои рақсу тарона ва мусиқии ансамблӣ истифода мебурданд. Ба рӯи косаи рубоб пӯсти оҳу кашида, торҳояшро аз рӯдаи [[гӯсфанд]] ва [[абрешим]] таҳия мекарданд. Махсусан рубоби тораш абрешимӣ муътабар будааст. Дарозии умумии чунин рубоб 60-80 см буда. Мувофиқи миқдори торҳо дар нӯги даста [[гӯшак]]ҳо доштааст.
 
Баъд аз истилои араб рубоб чун сози камонӣ бо унвони ребаб дар [[Миср]], мамлакатҳои шимол Ғарби Америка ва Андалусия маъмул гардид. Асрҳои минбаъда тавассути тиҷорат дар [[Ҳиндустон]] ва ҷазираҳои Малайя пайдо шуд. Дар асри 12 дар [[Европаи Ғарбӣ]] бо номи «Ребек»интишор ёфта чоряки асри 18 асоси созҳои скрипкавӣ гардид.
[[Низомии Ганҷавӣ]] дар «Хусрав ва Ширин» ки рубоб (рубоби камонӣ) аксаран бо [[борбат]] ва [[чанг]] якҷоя навохта мешавад. (Ӯ замони [[Сосониён]]ро дар назар дорад) ва оҳанги хуше дорад
Вале дар асрҳои (10-12) рубоб дар [[Эрон]] ва [[Мовароуннаҳр]] шакли худро тадриҷан тағйир дод. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо рубоби ин давра ба танбӯр шабоҳат дошта, косааш хеле бузургтар будааст ва ба рӯи ӯ низ пӯсти оҳу мекашидаанд. Дастааш аз дастаи [[танбӯр]] кӯтоҳтар буда, торҳояшро (2-3тор) аз абрешим ва пардаҳоро аз рӯдаи ҳайвонот тайёр мекардаанд, ки овози басе дилкаш доштааст. Онро бо мизроб ва баъзан бо камонча менавохтаанд. Ин соз тадриҷан дар [[Осиёи Миёна]], вилояти Қошғар (ҳозира синтсзияни Хитой) ва балоди Ҳинд интишор ёфт. Рубоб тахминан дар асрҳои 17-18 дар вилояти Қошғар бо шакли каме тағирёфта маъмул гардид . Дар гарданаи байни коса ва даст ду шохи камоншакл ба тарафи коса хамида илова карданд ва он бо номҳои лавибо ([[Хитой]]) равад ва рабоб (қашғарӣ) машҳур гардид. Баъдтар бо ин намуди ташаккулёфтаи зебояш дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон шӯҳрат ёфт. Рубоби пештара аз байн рафта ҷои онро рубоби шохдори қошғарӣ (ё қашқарӣ) гирифт ва он дар байни тоҷикон ва ӯзбекҳо то ҳол машҳӯр аст.
Дар маъхазҳои то асри 20 маҳфуз буда, дар хусуси диапазон (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) ва ҷиҳатҳои техникӣ, тарзи услуби навохтани рубоб маълумоти аниқ дида намешавад. Ҳамчунин сабти нотавиаш низ вуҷуд надошт. Танҳо дар нимаи авали асри 20 дар китоби В. Беляев («Музыкальные инструменты Узбекистан» М, 1933, саҳ. 76) тарзи соз (ҷӯр) ва диапазони рубоби қошғарӣ чунин маълумот дода шудааст: тори якум ҷуфт ля-бемолиоктаваи хурд, тори дуюм ҷуфт ми-бемоли октаваи хурд ва тори сеюм (иборат аз ду тор) ля- бемоли октаваи калон, диапазони он аз нотаи ля- бемоли октаваи калон то нотаи фа-и октаван якумро дарбар мегирад.
 
Баъди солҳои 40-ум дар назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент устохонаи илми таҷрибавӣ ташкил ёфт ва як гурӯҳ устоҳо бо роҳбарии А.И Петросян ба таъмиру комилсозии созҳои халқӣ камари ҳикмат бастанд. Дар асоси созӣ [[рубоби қашғарӣ]] оилаи онҳо:
* [[рубоби прима]],
* [[рубоби метсосопранӣ]],
* [[рубоби алт]],
* [[рубоби бадахшӣ]] (аз [[рубоби бадахшонӣ]]) нав сохта ихтироъ карда шудаанд.
==Адабиёт==
* Энциклопедияи адабиёт ва санъати точик. - Душанбе,2004
* Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
* Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980;
* Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982)
==Манбаъ==
{{ЭСТ}}
 
==Пайвандҳои беруна==
* [http://photography.utsc.utoronto.ca/recent/Afghanistan-Return/ppages/ppage18.htm Расми рубоб ки дар он Отиқ Никзад ва Табла аз тарафи Ҷеймс Киппин]
* [http://musique.arabe.over-blog.com/article-17442955.html article on musique.arabe]
[[Гурӯҳ:Асбобҳои мусиқӣ аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Асбоби мусиқӣ]]
[[Гурӯҳ:Созҳои мусиқӣ]]
[[Гурӯҳ:Созҳои мусиқии тоҷикӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рубоб"