Мирзоҳасан Султонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Arash (баҳс | ҳисса)
х Вироиши 37.98.154.190 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки AryanBot анҷом дода буд
Сатри 1:
Султонов Мирзоҳасан Баротович ([Мирзо] Ҳасани Султон) – олим ва шоир, доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Русия.
9 июни 1966 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1983 пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи забони арабии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид.
Солҳои 1985-1987 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кард. Пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон соли 1990 бо даъвати Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Кумитаи истилоҳот ба сифати ходими илмӣ ба кор шурӯъ намуд.
Солҳои 1994-1997 давраи рӯзонаи аспирантураро дар Институти забону адабиёти Рӯдакӣ бо муваффақият ба итмом расонида, соли 1999 дар мавзӯи «Истилоҳоти илмии «Китоб ут-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ» рисолаи илмӣ дифоъ кард.
Соли 2008 дар мавзӯи «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ (дар заминаи осори илмии асрҳои IX-XI)» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Султонов Мирзоҳасан аз нахустин муҳаққиқони забони илм ва истилоҳшиносиву истилоҳнигорӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар ин мавзӯъ китобҳои «Истилоҳоти илмии «Китоб-ут-тафҳим»-и Абўрайҳони Берунӣ» («Дониш», 2003), «Мушкилоти забони илм» («Пайванд», 1385=2006), «Шуморнома»-и Муҳаммади Айюби Табарӣ («Дониш», 2006), «Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ» («Дониш», 2008), «Язык науки и терминология» («Ирфон», 2011), «Мунтахаби ашъори Хоҷа Насириддини Тӯсӣ» («Ирфон», 2011), “Мушкилоти забони илм ва истилоҳот” («Дониш», 2015), «Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии» (Palmarium Academic Publishing (Олмон) -452 c. – 2015. Stanovlenie i razvitie persidsko-tadzhixkoj nauchnoj terminologii von Mirzohasan Sultonov. Na materiale nauchnogo naslediya IX-XI vv. Paperback. ISBN 978-3-659-60230-6) ва мақолаҳои зиёди илмӣ ба нашр расонидааст.
Султонов М.Б. дар таҳқиқоти илмии худ бори нахуст бо истифода аз равишҳои муосири илми забоншиносӣ дар заминаи қадимтарин осори илмии форсӣ-тоҷикӣ усулҳои ташаккул ва такомули истилоҳоти илмӣ, ҳамчунин қолабҳои асосии истилоҳсозиро дар забони модарии мо таъйину таҳқиқ кардааст.
Таҳқиқоти илмии ӯ дар масъалаи забони илм ва истилоҳот ба таҳқиқоти минбаъда дар ин замина роҳ боз намуда, натиҷаю хулосаҳои дақиқи илмияш дар хусуси таъйини мафуми истилоҳ ва махсусиятҳои он дар таҳқиқоти муҳаққиқони ватанию хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.