Германий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Германий ба ифтихори ватани кимиёшиноси Олмон К.А.Винхлер – Германия ном гузошта шудааст. Мет...
 
No edit summary
Сатри 1:
Германий ба ифтихори ватани кимиёшиноси Олмон К.А.Винхлер – Германия ном гузошта шудааст. Металл кристаллҳои хокистарранги нуқрагун, зичии 5,33 г/см<sup>3</sup> ва ҳарорати гудозиши 938,325<sup>0</sup>С дошта, дар ҳарорати 2850 <sup>0</sup>С меҷӯшад. Дар табиат парахшанда аст. Минералҳои германий камёбанд, чун металл аз маъданҳои металлҳои ранга, мису колчедан ва ангиштҳои германийдор истеҳсол мешавад, металли асосии стратегӣ-ҳарбӣ ба шумор меравад. Германий дар таҳқиқоти кайҳонӣ, дар истеҳсоли васоити оптикӣ, матоъгин, техникаи инфрасурх, техникаи гарминишондиҳанда, барои тайёр кардани нимноқилҳо, диодҳои электровакуумӣ, транзисторҳо, фотодиодҳо, термисторҳое, ки дар радиотехника ва телевизион, дастгоҳҳои ҳисоббарорӣ, аппаратураи ченкунанда, ба сифати катализатор барои истеҳсоли пўшонандаҳои пластикҳо, люминофораи лампаҳои рўшании рўзона ва дар тиб, саноати дорусозӣ истифодаи васеъ дорад.