Ноҳияи Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: илова
Сатри 117:
== Таърих ==
 
Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Ҳисор дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «'''Шумон'''» ({{lang-fa|«شومان»}}) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «'''Сумон'''» ({{lang-fa|«سومان»}}) низ навишта шудааст. Дар «[[Ҳудуд-ул-олам|Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб]]» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».<ref>«Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110</ref> Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - [[Файзобод]]) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» ({{lang-fa|«حصار شادمان»}}) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» ({{lang-fa|«حصار»}}) ё «Ҳисорак» ({{lang-fa|«حصارک»}}) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.<ref>''ЛеСтренж, Ги''. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468</ref> Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри [[Душанбе]] қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «'''ҳисори[[Ҳисори Шодмон]]'''», яъне «'''қалъаи Шодмон'''», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «'''[[Ҳисор]]'''» – гашт.
 
Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи [[8 сентябр]]и соли [[1907]] вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба '''қалъаи Душанбе''' кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас [[Душанбе]] тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
==Даврони шуравӣ==
Ноҳияи Ҳисор то соли 1920 амлокдории бекигарии Ҳисори [[Аморати Бухоро]], солҳои 1920-
1924 тумани Ҳисори вилояти Душанбеи [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ном дошт. Солҳои 1924-1927 туманҳои Қаратоғ ва Ҳисор вилояти Ҳисори [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]ро ташкил медоданд. Соли 1929-1930 қисми таркибии ноҳияи Шаҳринави
ҳозира округи Ҳисор буд. Солҳои 1932-1939 ноҳияи Ҳисори [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ва аз соли 1939 ноҳияи Ҳисори вилояти Сталинободи [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ном гирифт.
Ноҳияи Ҳисор аз давраи таъсисёбиаш то ба ҳоло бо чандин тағйиротҳои ҳудудӣ рӯ ба рӯ шуда, гоҳе марзашро аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофаш васеъ намудаанд, замони дигаре аз марзаш он минтақаҳоро боз ба ноҳияҳои ҳамсоя баргардондаанд ё ноҳияи наверо аз ҳисоби як қисм заминҳояш таъсис додаанд. Ба силсилаи ин тағйирот як назари иҷборӣ андозем, мебинем, ки бо қарори Ҳукумати марказии ҷумҳурӣ аз [[29 январ]]и [[соли 1932]] аз ҳайати [[ноҳияи Шаҳринав]]
шӯроҳои ҷамоатҳои Арбобӣ, Бедак, Хонақоҳ, Ноҷӣ ва Ҳисор ва аз ноҳияи Сталинобод ҷамоатҳои Шайнак ва Чоряккорон ҷудо карда, ноҳияи мустақили Ҳисор ташкил дода шуд.
Мувофиқи тақсимоти маъмурӣ ноҳияи Ҳисор дар ҷануб бо ноҳияи Лақай – Тоҷик (ҳозира Рӯдакӣ), дар шарқ бо шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе), дар шимол бо қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар ғарб бо ноҳияи Шаҳринав ҳамсарҳад гардид.
Дар ноҳия соли таъсисёбӣ 27 ҳазору 147 нафар дар 160 деҳа истиқомат доштанд, ки 71 фоизашро тоҷикон, 25,4 фоизро ӯзбекҳо ва 3,6 фоизро дигар миллатҳо ташкил медоданд. Як деҳаи руснишин – «Благодарное» дар ҷамоати ҳамонвақтаи Ҳисор (ҳоло он минтақа дар ҳудуди ҷамоати Сомон мебошад) мавҷуд буд.
Яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ҷамоати Ҳисор ба шумор мерафт, ки ҳудудаш деҳаҳои зиёде ва аҳолии бисёрро дар бар мегирифт. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷойиз донист, ки аз ҳисоби ин ҷамоати калон як ҷамоати нав таъсис дода шавад. Худи ҳамон сол
ҷамоати Қарамқул бо маркази маъмурӣ дар деҳаи Белайдуз ташкил ёфт.
Ҷамоати Чоряккорон бошад, боз ба ихтиёри ноҳияи Сталинобод гузашт.
Ҳамин тариқ, ҳудуди маъмурии ноҳияи Ҳисор аз 7
шӯрои ҷамоат - Арбобӣ (аҳолиаш 3486 нафар, шумораи
деҳаҳо 21, марказаш деҳаи Арбобӣ), Хонақоҳ (аҳолӣ
4800 нафар, шумораи деҳаҳо 29, марказаш деҳаи
[[Хонақоҳи Кӯҳӣ]] ), Ноҷӣ (аҳолӣ 4430 нафар, шумораи
деҳаҳо 15, марказаш деҳаи Тӯда), Ҳисор (аҳолӣ 7236
нафар, шумораи деҳаҳо 22, марказаш деҳаи Ҳисор),
Бедак (аҳолӣ 1799 нафар, шумораи деҳаҳо 12, марказаш
деҳаи Бедак), Шайнак (аҳолӣ 2257 нафар, шумораи
деҳаҳо 15, марказаш деҳаи Шайнак), Қарамқул (аҳолӣ
3139 нафар, шумораи деҳаҳо 20, марказаш деҳаи
Белайдуз) иборат шуд. Маркази маъмурии ноҳия дар
деҳаи Хонақоҳ, дар стансияи роҳи оҳан буд. [[7 март]]и
[[соли 1933]] номи маркази маъмурии ноҳия – деҳаи
[[Хонақоҳ]] дар асоси қарори КИМ [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ба деҳаи (ҳоло шаҳрак)-и Ҳисор иваз гардид.
Ноҳияи Ҳисор пеш аз ҷанги ҷаҳонии дуюм 4
нуқтаи телефон, 6 Шӯрои деҳот, 86 колхоз, 1 стансияи
барқӣ, 1 стансияи телефон, 37 нуқтаи савдо, 1 ҳаммом,
1 кинотеатр, матбаа, беморхона барои 25 кат, 1
дорухона, 1 ошхона, 45 мактаб доштааст. Дар майдони
4791га пахта кишт мекардаанд.
Дар солҳои охири Ҳукумати Шӯравӣ ([[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]) дар ноҳия
8 колхоз, 13 совхоз, 1 корхонаи чорвофарбеҳкунии
байни хоҷагӣ, корхонаҳои саноатии калони
иттиҳодияи истеҳсолии «Гидростройматериалы»,
корхонаи ғаллақабулкунии ордистеҳсолкунанда,
фабрикаи шоҳибофии Шаҳринав, филиалҳои
иттиҳодияҳои бофандагию истеҳсолии матоъҳои
пахтагин, «Гулдаст», «Чевар», комбинати истеҳсолии
нобиноён, заводи маҳсулоти фулузӣ, заводи
консервабарории Чиптӯра, комбинати шароббарории
иттиҳодияи агросаноатии «Шаҳринав», чандин
ташкилотҳои сохтмонӣ, аз қабили ПМК–ҳои 2, 7,
22, 25, 10, муассисаҳои нақлиётии рақамҳои 2 ва
14, шабакаи алоқа дар якҷоягӣ бо почта, чандин
муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг,
комбинати хизмати маишӣ бо сартарошхонаҳо,
ателеҳои дӯзандагӣ, сехҳои пойафзолдӯзӣ ва
намудҳои дигари хизматрасонӣ ва ғайра мавҷуд
буданд. <ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 31-42 </ref>
 
== Пайнавиштҳо ==