Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 566:
[[Акс:National Museum of Tajikistan 2.JPG|thumb|National Museum of Tajikistan 2]]
 
Ачдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи [[Тоҷикистон]] ва дигар ҷумҳуриҳои [[Осиёи Миёна]] сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии [[Ховалинг]] ҳангоми ҳафриёти археологй бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагй кардани одамони ибтидой буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии [[Норак]] (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанӯз дар асри санг маскуншавии баландкӯҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кӯчманчй - Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рӯисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхӯрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти[[Маданияти ҳисорҲисор]] номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорй машғул буданд. Айни замон шикор дар хоҷагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчй таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II то аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчй асосан бо чорводорй машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан - пӯлодгудозию кулолй низ огоҳй доштанд. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчй бо зироаткорй, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони ҷанубй ва Осиёи ҷанубу ғарбй наздик аст.
 
Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира - бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна - Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказй, ҷанубй ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва [[Суғд]] - ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи [[водии Фарғона]] (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчй ва нимкӯчманчии сакоиҳо - сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин кавмҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронй тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати [[Искандари Мақдунй]] шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ - салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар [[Юнону Бохтар]] сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсй нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосй ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас [[Тохаристон]] якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолй дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқй, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагй, юнонй ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
 
== [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] [[Тоҷикистон]] ==