Каъба: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х таҳрир
Сатри 2:
[[Акс:Kabaa.jpg|thumb|250px|Каъба]]
 
'''Каъба''' ({{lang-ar|الكعبة}} «мукааб») — азизи [[ислом|муъминон]] ки намуди сохти [[мукааб]]ро дорад дар даруни ҳавлии [[Масҷид аль-Ҳарам]] ([[Макка]]) қарор дорад. Ин ҷойи асосии, ки мувофиқи фармони [[Қуръон]] ҳар як бандаи муъмин бояд [[зиёрат]] ([[Ҳаҷ|ҳаҷ]]) кунад. Каъба аз [[забони арабӣ]], ишораи рамзии номи ''ал-Байт ал-Ҳарам''-ро дорад, ки маънояш ''«хонаи азиз»'' аст.
Каъба бинои чоркунҷаест, ки аз санги хокистарранг сохта ва ҳавлиаш бо сутунҳои равоқбандишуда иҳота шудааст. Дарозиаш 13 м, бараш 12 м, баландиаш 15 м мебошад. Мусулмонон Каъбаро Байтулаллоҳ (хонаи Аллоҳ), Байтулҳарам (хонаи муқаддас) ва Масҷидулҳарам (масҷиди муқаддас) меноманд.Дар кунҷи шарқии девори берунии Каъба санги муқаддас-ҳаҷаруласвад (санги сиёҳ) ҷойгир аст, ки онро «санги иброҳимӣ» низ меноманд, зеро ба ривояти динӣ гӯё Маккаю Каъбаро Иброҳиму Исмоил сохтаанд. Санг дар иҳотаи 3-4 қатор толору манораҳо гузошта шудааст. Ибтидои с.соли 930 пайравони фирқаи қарматия ба Макка ҳамла оварда сангро аз Каъба берун оварда, ба се тақсим карда, ба Ал-Ақсо бурданд. Баъди 20 сол санг бо талаби халифаи фотимӣ бо ҳалқаи нуқрагин пайванд ва ба ҷояш баргардонда шуд. То ислом Каъба маъбади бутҳои сершумори қабилавии арабҳо буд. Мувофиқи ривоятҳо дар атрофи Каъба зиёда аз 300 санам (асном) ва гӯри пайғамбарон мавҷуд буданд. Баъдтар ҳамаи санамҳо нест карда шуда, Каъба ҷойи асосии муқаддаси мусулмонон гардид. Дар ҳавлии Каъба [[чашмаи Замзам]] воқеъ аст. Мусулмонон уҳдадор ҳастанд, ки ҳангоми намоз ба Каъба рӯ оранд [[қибла]] ва дар тӯли зиндагӣ агар имкони молиявӣ дошта бошанд, онро боре [[зиёрат]], ([[ҳаҷ]]) намоянд. <ref>Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 </ref>
се тақсим карда, ба Ал-Ақсо бурданд. Баъди 20 сол санг бо талаби халифаи фотимӣ бо ҳалқаи нуқрагин пайванд ва ба ҷояш баргардонда шуд. То ислом Каъба маъбади бутҳои сершумори қабилавии арабҳо буд. Мувофиқи ривоятҳо дар атрофи Каъба зиёда аз 300 санам
(асном) ва гӯри пайғамбарон мавҷуд буданд. Баъдтар ҳамаи санамҳо нест карда шуда, Каъба ҷойи асосии муқаддаси мусулмонон гардид. Дар ҳавлии Каъба чашмаи Замзам воқеъ аст. Мусулмонон уҳдадор ҳастанд, ки ҳангоми намоз ба Каъба рӯ оранд ва дар тӯли зиндагӣ агар имкони молиявӣ дошта бошанд, онро боре зиёрат ([[ҳаҷ]]) намоянд. <ref>Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 </ref>
 
Дар вақти [[ҳаҷ]] дар инҷо зуд зуд воқеъаҳои нохуш рӯй медиҳанд, аз сабаби фушурдани ҳамдигар одамон ҳалок мегаштанд. Ин мусибат оҳиста-оҳиста ба сахтии қоидаи зиёраткунӣ ва зарурати паҳн кардани [[Масҷид ал-Ҳарам]] овард.
Яке аз ҳамин гуна паҳнкунӣ соли 1344 ҳиҷрӣ дар вақти подшоҳии [[Абдул Азиз ибни Сауд|Абдул Азиз ибни Абдурраҳмон]] шуда гузашт. Дар соли 1373 ҳиҷрӣ дар [[Масҷид ал-Ҳарам]] чароғон ва ғуборкаши барқӣ пайдо шуд. Дар натиҷаи корҳои бузурги сохтумонӣ, ки дар вақти ҳукмронии [[Сауд ибни Абдул Азиз Ал Сауд|Сауди IV]], [[Файсал ибни Абдул Азиз|Файсал]] ва [[Ҳалид ибни Абдул Азиз Ал Сауд|Ҳалид]] идома дошт, масоҳати масҷид бо майдони гирди Каъба то 193 000 м. кв. зиёд шуд ва ғунҷоиш то 400 000 нафарро ташкил кард. Дар вақти ҳукмронии [[Фаҳд ибни Абдул Азиз Ал Сауд|Фаҳд]] масҷид бо тартиби конденсионерии ҳаво, оташхомушкунӣ ва қубур таъмин гашт. Масоҳати [[масҷид]] ба 356 000 м кв. ва ғунҷоиш то 600 000 нафар расид. Соли [[2007]] давраи нави таъмири [[масҷид]] ибтидо гирифт, ки дар оқибати он 1,6 млн имондор метавон ҷой гиранд. Майдони гирди Каъба аз 20 метр ба 50 метр расид ва аз 52 000 то 130 000 [[тавоф]]он дар як соат метавонанд дар гирди Каъба тоб хӯранд.
 
==Сарчашма==
Line 19 ⟶ 17:
== Пайнавиштҳо ==
<references/>
 
{{ислом-нопурра}}
[[Гурӯҳ:Ислом]] 
[[Гурӯҳ:Масҷидҳо аз руи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Масҷидҳои Арабистони Саудӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Каъба"