Ҷав: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Illustration Hordeum vulgare0B.jpg|thumbnail|Ҷав]]
'''Ҷав''' (Türk.Arpa), [[гиёҳ]]ест яксола. Пояаш то 30 – 90 см қад мекашад. Хӯшааш дароз, сукдор (баъзан бесӯк мешавад); донаш дарозрӯяи зард, бунафш, сиёҳ, сабзтоб ва дорчинӣ.
Ҷав аз ҷумлаи ғалладонаҳои қадимист. Дар таркиби он сафеда, ангиштоб, клетчатка, равған, ферментҳо ва витаминҳои В, D мавҷуданд. Сафедаи Ҷав нисбати сафедаи гандум серғизо аст. Аз дони Ҷав ярма мекашанд, ордашро ба орди гандум ҳамроҳ карда нон мепазанд. Ҷав ашёи хоми саноати пивопазӣ мебошад.
Дар тибби қадим ба сифати даво ярма, орд ва оби ҷавро истифода мебурданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Ҷав ҷисмро тоза мекунад. Оби Ҷав ҳангоми бемориҳои узвҳои қафаси сина муфид аст. Агар онро бо тухми розиёна омехта нӯшанд, ширро зиёд мекунад. Оби Ҷав ҳамчунин давои хуби табфарор буда, ҳангоми табларзаи пурҳарорат онро танҳо ва дар мавриди табларзаи сард бо ҷаъфарӣ ва розиёна менӯшанд. Пӯсти дони Ҷав пешобро меронад. Марҳами гарми он доғи кунҷидакро меравонад. Аз Ҷав, биҳӣ ва сирко даво тайёр карда ба ниқрис мебанданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҷав"