Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
Сатри 29:
==Категорияхои исм==
Исм категорияҳои махсуси сарфӣ (морфологӣ) дорад : категорияҳои муайяниву номуайянӣ ва шумора.
 
===Исмхои муайян ва номуайян===
Исм дорои категорияи сарфии муайяниву номуайянӣ мебошад,ки воситаи асосии ифодаи он артикли -е ба шумор меравад : Гурӯҳе мерафтанд , гурӯҳе меомаданд (Икромӣ).Дар ин вазифа калимаи як ҳамчун муродифи артикли -е истифода мешавад,яьне исмҳое ,ки бо калимаи як меоянд , на танҳо ягонагии ашё,балки номуайянии онро ҳам ифода мекунанд:Як шаб...Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад...(Айнӣ).Дар ифодаи номуайянӣ инчунин калимаҳои ягон, ҳеҷ,кадом истифода мешаванд:Ин тавр бошад,ягон рӯзи таътил ӯро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр! Аз рӯзи омадагиаш ҳеҷ кор накардааст(Икромӣ).Кадом як китоберо ба зери сараш монда хоб кардааст("Садои Шарқ").
 
Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикии -ҳо, -он ( -ён ,-гон ,-вон ) ба шумор мераванд : духтарҳо,хонаҳо,падарон ,нависандагон, бонувон ва ғ. Инчунин шакли солими ҷамъи арабӣ , ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи пасвандҳои -от, -ин ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд: деҳот , сабзавот , навиштаҷот , муаллимин,ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), атфол (тифлҳо), ҳаводис (ҳодисаҳо) ва ғ.
 
==Калимасозии исм==
Исмҳо аз ҷиҳати таркиби сарфиашон сода, сохта , мураккаб ва омехта мешаванд. Исмҳои сода танҳо аз реша иборат мебошанд:хона,дарс,гул,нон ва ғ.Исмҳои сохта аз реша ва пасванду пешванд таркиб ёфтаанд.Пасвандҳои исмсоз зиёданд: хизматчӣ, оҳангар, омӯзгор, мизбон, харидор, нонвой, хонавода, сӯзанак, тӯёна, пӯшок,дастпона,ангуштарин, чангол, тарсакӣ, шамьдон, сайдгоҳ, лолазор, Тоҷикистон,кӯҳсор, санглох, ҷӯйбор, ганҷина, гулшан,паҳно, донишкада, зебоӣ, одамгарӣ, хониш, рафтор, сармо, зиндагонӣ.