Фазлиддин Шаҳобов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Зиндагинома: Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Тахрир
Сатри 14:
Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба [[Самарқанд]] омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад. Аз соли 1930 то соли 1932 Ф.Шаҳобов ба ҳайси навозанда дар Оркестри давлатии Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Тошканд, аз соли 1932 то соли 1936 ба сифати дирижёр ва мудири қисми мусиқии Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро фаъолият менамояд. Дар баробари ин ӯ дар Техникуми мусиқии Бухоро дарс медиҳад. Аввалин таҷрибаҳои ӯ дар композитсия ба ҳамин давра рост меоянд, ки дар байни онҳо бузургтарин марши «Шараф» барои ансамбли созҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Соли 1936 Ф.Шаҳобов ба синфи омӯзгор В.Л. Мухин шӯъбаи дирижёри хори Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский дохил мешавад. Дар ин ҷо ӯ бо мусиқии рус ва Европаи Ғарбӣ ошноӣ пайдо карда, қаламу маҳорати худро дар жанрҳои барои фарҳанги мусиқии тоҷик нав санҷида дар онҳо суннатҳои санъати мусиқии классикиро татбиқ менамояд. Масалан, романсҳои «Хонаи дил» ва «Ваъдаи дил», ки ӯ дар он айём эҷод намуда буд, шӯҳрати бузург пайдо карданд.
Пас аз хатми Консерватория соли 1941 Ф.Шаҳобов дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Муқимии [[Тошканд]] ба ҳайси хормейстер ва аз соли 1942 дар ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии ӯзбекистонӮзбекистон ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолият менамояд.
Моҳи октябри соли 1942 бо даъвати расмии Раёсати санъат ба Тоҷикистон меояд. Соли 1942 Ф.Шаҳобов ба узвияти Иттифоқи композиторон қабул гардида, котиби масъули раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мегардад. Аз соли 1942 то соли 1968 ӯ дар вазифаҳои роҳбари бадеии коллективҳои эҷодии радио ва телевизион, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии Кумитаи оид ба радио ва телевизиони назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Тӯли 26 соли фаъолият дар радио ва телевизион Ф.Шаҳобов барои ташаккули мактаби Шашмақом дар Душанбе саҳми хеле бузург гузошт. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ бо пешниҳоди қаблии Фазлиддин Шаҳобов ба Душанбе ду донандаи дигари Шашмақом, [[Бобоқул Файзуллоев]] ва [[Шоҳназар Соҳибов]] ба Душанбе таклиф карда мешаванд ва фаъолияти муштараки ӯ бо онҳо оид ба сабти нотавии мусиқии классикии Шашмақоми тоҷик оғоз меёбад.
Бо дарки моҳияти рушди мактаби классикии Шашмақом дар пойтахти тоҷикон шаҳри [[Душанбе]], Ф.Шаҳобов фаъолияти мусиқӣ маърифатии хешро низ дар радио ва телевизиони ҷумҳурӣ оғоз менамояд. Фаъолияти мусиқӣ-маърифатии ӯ дар тарғиби мусиқӣ нақши амиқ гузошт. Сенарияи барномаҳои муаллифии ӯ – силсилаи барномаҳои мавзӯии радио оид ба санъати Шашмақом, дар бораи устодон ва созҳои халқӣ, оид ба навозандагони машҳури гузашта, очеркҳо роҷеъ ба жанрҳо ва суннатҳои мусиқӣ, рӯйдодҳои ҳаёти мусиқӣ, композитсияҳои мусиқӣ-адабии ҷолибу барҷаста дар бойгонии шахсии ӯ (беш аз 1000 саҳифа) то имрӯз боқӣ мондаанд.
Ф.Шаҳобов дар ҳақиқат якумин мусиқишиноси Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб меёбад. ӯӮ аз худ мероси пурғановати илмӣ, аз ҷумла рисолае, ки арзиши он имрӯз бебаҳост, боқӣ гузоштаастгдузоштааст.
Аз фаъолияти гуногунпаҳлӯи Ф.Шаҳобов ҳамин низ шаҳодат медиҳад, ки ӯ аз соли 1948 то соли 1950 ҳамчун корманди калони илмӣ дар кабинети мусиқии тоҷики Хонаи эҷодиёти халқии ҷумҳурӣ ва аз соли 1955 то соли 1956 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон кор кардааст.
Дар ҷабҳаи композиторӣ Ф.Шаҳобовро ҳамчун яке аз асосгузорони жанри романс дар мусиқии тоҷик номидан мумкин аст. Муҳаббат нисбат ба назм жанрҳои дӯстдоштаи композитории Ф.Шаҳобов – суруд ва романсро муайян намуданд. Ба асарҳои ӯ лиризми нозук, таъсирбахшӣ, самимияти ҳайратангез ва бетакаллуфӣ, завқи баланду латифи бадеӣ хос мебошанд. Композитор ҳам аз осори адибони классик (Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил) ва ҳам аз осори муосирон (Лоҳутӣ, Раҳимӣ, Шукӯҳӣ, Деҳотӣ, Турсунзода) истифода бурдааст. Яке аз аввалин шахсонест, ки ба жанрҳои барои мусиқии тоҷик нав муроҷиат намудааст. ӯ асари вокалӣ-симфонӣ дар бораи Ленин, асарҳо барои хор, сурудҳои халқиро барои хор коркард намудааст. Ба ҳам пайвастани дастовардҳои классикии ҷаҳонӣ бо суннатҳои мусиқии мардумӣ, амиқияти равонӣ, самимияти ифода, риояи дақиқи матни адабӣ, пайдарҳамии рушди симои мусиқӣ, мукаммалии драмавӣ – ин аст хусусиятҳои хоси асарҳои камеравӣ-вокалии Ф.Шаҳобов. Дар ҳаммуалифӣ ӯ достони симфонии «Сегоҳ»-ро эҷод намудааст, ки дар он ду навъи афкори мусиқӣ – мақом ва симфонӣ омезиш ёфтаанд.