Пешояндҳои номӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
'''Пешояндҳои номӣ''' аслан калимаҳои мустаӄилмаъно мебошанд,ба воситаи маънои луғавии худ муносибатҳои наҳвии байни аъзои ҷумларо аниӄтар ва пурратар менамоянд: мисли калимаҳои мустаӄилмаъно пасванди ҷамъбандӣ,бандакҷонишин ва баъзе унсури грамматикиро ӄабул мекунанд:бо калимаи тобеъшаванда ба воситаи изофат пайваста шуда,як воҳиди яклухти луғавию грамматикиро ташкил мекунанд.Моҳияти асосии ташаккули пешояндҳои номӣ бо он муӄаррар карда мешавад,ки калимаҳои номӣ нишонаҳои асосии худро гум карда,маънои нав-маънои ёридиҳандагӣ пайдо намуда,ба гурӯҳи калимаҳои ёридиҳанда мегузаранд.Ба ӄатори пешояндҳои номӣ бештар исмҳо ва зарфҳои дорои мафҳуми масоҳа ва забон дохил мешаванд,масалан '''''аӄиб,боло, баъд,байн, берун, дарун, пеш, тараф, сӯй, таг, гирд, назд, ӄариб, зер, миён, паҳлу, бар, рӯ, даст, пушт, сар, лаб, восита, роҳ,муносибат, бора, сабаб,боис,баробар,иваз, бадал, ҳамроҳ'' ва''' ҳоказо.