Бароти Абдураҳмон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
No edit summary
Сатри 10:
Бароти Абдураҳмон - [[нависанда]], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989)
==Зиндагинома==
Бароти Абдураҳмон [[15 сентябр]]и [[1947]] дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони [[ноҳияи Кӯлоб]] ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Тоҷикист ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан устоди [[Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебо]]изебои ба номи Мирзо Турсунзода, сармуҳаррири барномаҳои адабию драмавии [[телевизиони тоҷик]], муҳаррири калони илмии сарредаксияи илмии [[энсиклопедияи советии тоҷик]], муовини сармуҳаррири [[моҳнома]]имоҳномаи «Илм ва ҳаёт», мушовири калон ва мудири Маркази таҳлил ва ёвари [[Президент]]и ҶТ будааст. Аз соли 2011 нафақагири сатҳи ҷумҳурӣ, ҳамзамон, аз ноябри соли 2012, мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ мебошад. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Т.Г.Шевченкои ноҳияи Восеъ гирифта, солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1971 хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1972-1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] (дар [[Тошканд]]) будааст. Курсҳои махсуси касбиро баъдтар дар шаҳрҳои [[Маскав]], [[Ленинград]] ва [[Қоҳира]] анҷом додааст.
== Эҷодиёт==
Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Шабҳои маҳтобӣ» (1986), қиссаҳои «Кимиёкаҳ» (1984) ва «Давлати сарам, модарам» (1988), китоби қиссаву ҳикояҳои «Розҳои шабҳангом» (1990), романи «Дунёи сабзи ишқ» (2002), силсилақиссаи «Ҳафт мӯъҷизаи олам» (1995), силсилароманҳои «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» (2013) аст.
Ҳамчунин, сенарияи филмҳои ҳуҷҷатии «Тифли домони туям, модар!» (1959), «Мӯъҷизаи ҳаштуми олам» (2001), филми сегонаи ҳуҷҷатии «Васвасаҳои хунафшон» (2003-2006), кинороманҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» (2005), «Рухшона» (2006), «Куруш ва Томирис» (2009), филмҳои бадеии «Алвидоъ, ишқ» (2007), «Метис» (2000), «Фариштаҳои бадманиш» (2010) ва силсилаи драмаҳои таърихӣ мутааллиқи хомаи ӯстанд. Романи Н.Думбадзе «Бақои одамият» (1986), қиссаҳои Ч.Айтматов «Турнаҳои
бармаҳал» (1988) ва В.Беляев «Асрори шаҳраки махфӣ» (1990), чанде аз ҳикояҳои А.П.Чехов (1988)-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Барои Энсиклопедияи миллии тоҷик мақолаҳои зиёде навиштааст.Бештар аз 100 эссе ва очерку мақолаи публитсистияш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Чанде аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, булғорӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
булғорӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
==Мукофот==
*Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2004);