Дилшод Раҳимӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 10:
фолклори Амрико мебошад, ки ин созмон беш аз 2000 фолклоршиносони кишварҳои ҷаҳонро муттаҳид кардааст. Ӯ дар якчанд курсҳои такмили ихтисос ва мактабҳои тобистонаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби сертификату шаҳодатномаҳо дар соҳаи мардумшиносию антропология шудааст. Таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, кореягӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расидаанд.
Баъзе аз мақолаҳояш дар сомонаҳои Интернет низ нашр гардида, дастраси хонандагони миқёси ҷаҳонӣ гаштаанд. Раҳимов муаллифи беш аз 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Соли 2007 маҷмӯаи достонҳои эпоси «Гӯрғулӣ»-ро бо адабиётшиноси эронӣ С. Ҳунарманд ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони «Ҳамосаи Гӯрғулӣ ба ривояти тоҷикӣ» дар ИМА нашр намудааст.
Раҳимов Д. яке аз муаллифони асосии "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" ҷ.1.(2015)буда, ба қалами ӯ 160 мақолаи ин ҷилд тааллуқ дорад.
 
 
==Осор==