Боғдорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 28:
 
== Маҳсулоти боғдорӣ ==
Меваҳоро, маъмулан, дар шакли тару тоза буданаш истеъмол мекунанд. Боғбонҳо барои зимистон себу нок, анор, ангур ва меваҳои мағздорро бо роҳҳои гуногун захира менамоянд. Чунончи, барои тару сероб истоданаш себу анорро дар қуттӣ, дар аррамайда мегузоранд. Инчунин бо роҳи хушконидан олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ ва ангурро низ барои фаслҳои дигар нигоҳ медоранд. Себҳоро дупора, чорпора ё ҳалқа-ҳалқа реза карда, мехушконанд ва дар халтаҳо гирифта дар ганҷур ё амбор захира мекунанд. Дар фаслҳои дигар аз «себқоқ» нўшоба ва талқон таҳия мекунанд. Аз олуча дар вақти тару тоза буданаш нўшоба ва мураббо мепухтанд. Олучаи туршаки хушконидаро ҳамчун даво барои фишорбаландӣ истифода мебурданд.
Дар Хуҷанду Фарғона ва водии Зарафшон аз замонҳои қадим парвариши зардолу яке аз муҳимтарин соҳаи боғбонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин минтақаҳо навъҳои гуногуни зардолу: маҳтобӣ, қандак, амирӣ, аҳрорӣ, гурдаи гов, донакаҷак, марғелонӣ, муслимӣ, нордон, нўли зоғак, обак, пайвандӣ, рухи ҷавонон, сурх, хуҷандӣ, фалғарӣ, чармак, ғулингӣ, талхак, турушак, хасак, қандаки қарсакӣ, қурбонӣ, шохшикан, ширпайванд ва ғайра маъруф мебошанд. Ғулинг (ғулунг, қоқ, зардолуқоқ)-ро барои истеъмоли аҳли хонавода, барои маъракаҳо ва низ бо мақсади фурўш ба миқдори зиёд тайёр мекунанд. Аз донаки зардолу донашўрак ва аз мағзи он донабирён пухта мешавад. Аз ғулинг дар фаслҳои зимистону баҳор ғулингоб таҳия мекунанд, ки аз давоҳои маъмул барои бемори дил ба шумор меравад.
Дар деҳаҳои водии Ҳисор дар гузаштаи начандон дур дар айёми Наврўз ғулунгоб ва дастархони ҳафтмева меоростанд. Мардум мувофиқи дороияшон ҳафт навъи меваро дар табақи калоне гирифта дар байни дастархон мегузоштанд. Дар Қаратоғ ба муносибати Соли нави суннатӣ нӯшокии «Ҳафтмева» тайёр мекарданд. Ғулунг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолуқоқ, яъне ҳафт меваи қоқро шуста, тар карда мемонданд. Ин «Ҳафтмева» яке аз нӯшокиҳои хоси дастархони солинавӣ буд.
Дар водии Рашту Дарвоз себпарварӣ яке аз бахшҳои муҳими боғдорӣ ба ҳисоб мерафт. Дар деҳаҳои ин минтақа навъҳои зиёди себ, аз ҷумла, себҳои туршак, яхак, сурхсеб, сафедсеб, шулмунд, лойбарсеб, капарсеб, ночувлӣ, кавшунсеб, сангсеб, харбузасеб, себи обӣ, талхак, самарқандӣ ва ғайра парвариш мешуд. Инчунин навъҳои шафтолу: сафедак, сурхак, анҷиршафтолу; анвои анор: ширин, хотунӣ, турш, сабзанор ва ҳандалаанор маъмул буданд.
Нок яке аз меваҳои машҳур ва дӯстдоштаи тоҷикон аст. Дар боғҳои водии Зарафшон навъҳои мурӯд, кадумурӯд, сафедмуруд, сиёҳмуруд, ноки сафед, ношпутӣ, ношпутии тирамоҳӣ, турунҷ, шакармурӯд ва қандак парвариш мешаванд.
Дарахт ва меваи тут дар рӯзгори тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Аз чӯби он, ки сахту вазнин мебошад, устоҳо табақу чумча, баъзе созҳои тории мусиқӣ ва ғайра месозанд. Барги тут ҳамчун ғизои асосии кирмаки абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ истифодаи васеъ дорад. Аз меваи он тутмавиз, талқон ва ширинӣ тайёр мекунанд. Дар навоҳии кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тути балхӣ, бедона, биринҷӣ, кулолӣ, марворид, морпечак, рахш, фалғарӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ 20 навъ, парвариш меёбад.
Дар деҳаҳои Дарвоз тут яке аз меваҳои асосии мардум маҳсуб буд. Дар ҳамаи рустоҳо навъҳои гуногуни тут парвариш мешаванд. Тутҳои беҳтарин ва машҳури Дарвоз: бедона, ревичӣ, бедонаи сурхак, музаффарӣ, сафедак, рахшак, шехӣ, шурак, малбед, шаҳтут, зиғарӣ, сангевнӣ ва чанде дигар мебошанд. Дар айёми тутпаз мардум зери дарахтони тутро рӯфта, ҳамвор мекунанд. Дар аввал меваҳои хомпаз ва бемазаи он меафтанд, ки онро «хастут» меноманд. Хастутро барои хӯроки гову хар медиҳанд. Вақте ки тутҳо пухтанд, дар зери дарахтон чодар паҳн мекунанд ва болои дарахт баромад, меафшонанд. Сипас дар сабадҳо тутҳоро чида, мехушконанд ва тутмавиз ё тути қоқ тайёр мекунанд. Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус – хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд. Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд.
Чормағз дар меваҳои мағздор мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар боғҳо ва дашту теппаҳои Суғд ва водии Ҳисор навъҳои қоғатӣ, ғалберак, курак, мағзӣ, кокоӣ, каппа (калон-калон), нахкала ва чанде дигар маъмулу машҳуранд. Аз мағзи чормағз равған мегиранд ва аз пӯсти сабзи меваи он рангҳои сиёҳу қаҳваӣ тайёр мекарданд. Аз чӯби дарахти чормағз устоҳо кундаи ҷувоз, испори ҷуфтронӣ, табақи чӯбин ва ғайра месозанд.<ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 22.</ref>
 
Маҳсулоти боғдорӣ – мева, ғуҷуммева ва мағз ба миқдори зиёд қанд, равған, моддаҳои минералию хушбӯй, витаминҳои С, В, В1, В2, В3, В6, Р, РР, Е ва ғайраро дорад. Инсон зиёда аз 81 унсури кимиёии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад. Меваю мағз ғизои шифобахш ва манбаи ашёи хоми саноати хӯрокворӣ, қанноди ву дорусозӣ мебошанд. Бисёр меваҳоро чун парҳезона ба беморон медиҳанд, аз ғуҷуммева, мева ва мағзи онҳо мураббо, полуда ва хушоб пухта, қандалоту шарбатҳои хушаҳртаъм тайёр мекунанд. Бисёр дарахтони мева барои сабзкории хиёбонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин истифода мешаванд. Аз шаҳди гули онҳо занбӯр асали хушсифат ҳосил менамояд. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.637-639 / С. Гулов, Ф. Ӯрунов.
</ref>