Афзор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х таҳрир
Сатри 1:
[[File:20060513 toolbox.jpg|thumb|Қуттии афзорҳои навин]]
'''АФЗÓРАфзор''', - [[олоти меҳнат|олоти меҳнати]] [[инсон]] ё механизми иҷрокунандаи мошинҳои технологӣ барои кор дар истеҳсолоти [[саноат|саноатӣ]]. Афзор ҳанӯз дар [[асри биринҷӣ]], алалхусус баъди аз [[маъдан]] ҷудо кардани [[оҳан]] (ҳазорсолаи якуми то мелод) хеле тараққӣ кард. Дар он замон ва давраҳои минбаъда то пайдоиши техникаи ҳозиразамон Афзорҳои ҳунармандон, махсусан дар соҳаҳои коркарди [[филиззот]], бо андозаву вазни худ фарқ мекарданд (масалан, афзорҳои [[оҳангарӣ]], [[мисгарӣ]], [[заргарӣ]]). Феълан навъҳои афзорҳоро мувофиқи вазифаашон ба буранда ([[арра]], [[миқроз]], [[ранда]], [[корд]], парма ва ғайра), зарбавӣ ([[путк]], [[болға]] ва ғайра), [[нақшакашӣ]] ([[паргор]], хаткаш ва ғайра) суфтагарӣ (милаи суфтагарӣ, қурси суфтагарӣ ва ғайра), дастӣ (анбур, сунба ва ғайра), дастгоҳӣ ([[қалам]], [[парма]], фреза ва ғайра), механиконидашудаи дастӣ (миқрозҳои фишангӣ, арраҳои шаддабур, болғаҳои[[болға]]ҳои ангиштканӣ[[ангишт]]канӣ ва ғайра) ҷудо мекунанд. Асбобу олотеро, ки барои ченкуниҳои гуногун (гунё, калибр, микрометр ва ғайра) ва амалиётҳои дигар дар илму [[техника]] (штампҳо, қолибҳои [[рехтагарӣ]] ва ғайра), барои [[ҷарроҳӣ|амалиёти ҷарроҳию]] муолиҷавӣ ва тадқиқот дар [[тиб]] ва [[байторӣ]] истифода мешаванд, низ афзор меноманд.<ref>Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2</ref>
 
 
Сатри 7:
* [[Абзорсоз]]
* [[Абзордон]]
== Адабиёт ==
* [[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / ''Т. Ҷӯраев.''
 
==Манбаъ==
<references/>
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Афзор]]
[[Гурӯҳ:Асбобҳо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Афзор"