Комила Камолова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 13:
1974 ба тарҷумаи асарҳои бадеии [[нависанда]]гони тоҷик ба [[забони русӣ]] шурӯъ намудааст. Солҳои 1986-1992 муҳаррир-[[тарҷумон]]и [[маҷалла]]и «Чашма» («Родник»), солҳои 1992- 1998 мухбири бахши русии [[рӯзнома]]и «Тирози ҷаҳон» ([[Хуҷанд]]) ва [[мухбир]]и махсуси рӯзномаи «Ҳомии [[Ватан]]»-и [[Вазорат]]и мудофиаи ҷумҳурӣ (дар [[вилояти Суғд]]) буда, ба [[забони русӣ]] [[ҳикоя]] ва мақолаю мусоҳибаҳо навиштааст. Аз соли 2010 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст.
==Эҷодиёт==
[[Муаллиф]]и силсилаи [[ҳикоя]]ҳо барои [[кӯдак]]он, тартибдиҳанда ва тарҷумони «[[Афсона]]ҳои халқи тоҷик» (1991) аст. Аз тоҷикӣ ба русӣ силсилаи асарҳо, аз ҷумла [[қисса]]ҳои «[[Барф]]и аввал», «Давлати сарам, модар», «Кимиёкаҳ», мунтахаби ҳикояҳову [[Драматургияи тоҷик|драма]]ҳои «[[Ишқ]] ва шамшер», «Рухшона», «Искандар ва Спитамен», [[роман]]и «Куруши Кабир»-и [[Бароти Абдураҳмон|Б. Абдураҳмонов]], романҳои «Суғдзод аз Сурхкат» ва «Нақби Истиқлол»-и [[Б. Муртазоев]], қиссаҳои «Куҷоӣ, ту, аё мақсуди дастнорас?!», «Барфи охирин» ва резаҳикояҳои [[А. Абдуҷаббор]], китоби «Тоҷикон ва русҳо»-и [[М. Ҳотам]], қиссаи «Нишони зиндагӣ»-и [[К. Мирзо]], ҳикояҳои «Насрин»-у «Чашма»-и [[Равшани Ёрмуҳаммад|Р. Ёрмуҳаммад]], «Соате, ки ду бор фарёд мезанад»-и [[Абдурофеъ Рабиев|А. Рабиев]]ро ба гунае шево тарҷума кардааст, ки дар рӯзномаву маҷалла ва нашрияҳои ватанию хориҷӣ ба чоп расидаанд. Бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти
давлатии Т[[оҷикистон]] тарҷумаи китобҳои [[Н. Салимов]] ва [[А. Шарифов]] «Тоҷики оламшумул» ва «Маорифпарвар», [[А. Асадов]] ва А. Шарифов «Тоҷикистон-20» «[[Тилло]]и Тоҷикистон», «[[Эмомалӣ Раҳмон]] ва [[Роғун]]»-ро ба субут расондааст. Соли 1998 дар [[маҷалла]]и «Наш современник» (Русия) қиссаи Б. Абдураҳмонов «Барфи аввал», соли 2011 дар маҷаллаи «Меценат и мир» (Русия) се ҳикояи А. Абдуҷаббор дар тарҷумаи ӯ ба дасти чоп расидаанд.
==Мукофот==