Аламхон Кӯчаров: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
No edit summary
No edit summary
|Вазифа= [[олим]], мунаққид
}}
'''Усмон БилолӣАламхонАламхон Кӯчаров''' — [[олим]], мунаққид, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1997)
==Зиндагинома==
'''Аламхон Кӯчаров''' [[4 феврал]]и соли [[1946]] дар деҳаи Саричашмаи [[ноҳияи Шӯрообод]]и вилояти [[Хатлон]] ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи [[адабиёт]]и [[тоҷик]]и Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри [[Садриддин Айнӣ]]» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави [[форси|форси]]и тоҷикии ДМТ ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло сарходими илмии ИТИ назди ДМТ мебошад. Аз соли 1997 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст.