Кароматуллоҳи Мирзо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
|Вазифа= [[нависанда]]
}}
'''Кароматуллоҳи Мирзо''' — [[нависанда]], [[НависанаиНависандаи халқии Тоҷикистон]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1982)
==Зиндагинома==
'''Кароматуллоҳи Мирзо''' [[25 апрел]]и соли [[1942]] дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира [[ноҳияи Рӯдакӣ]]) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи [[Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]]ро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии [[рӯзнома]]и «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи [[адабиёт]] ва [[санъат]]и рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), [[сармуҳаррир]] ва директори нашриёти «Адиб» (1990-2004) будааст. Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳаррири [[ҳафтанома]]и «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи [[Президент]]и [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] Раёсат ва раиси Шӯрои насри [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист. Аз соли 1982 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст.