Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
имло, танзим
х →‎Таърих: таҳрир
Сатри 5:
Иттифоқи нависандагон аз ташкилотҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Дар замони Шӯравӣ таблиғи ғояҳои коммунистӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти иттифоқи нависандагон маҳсуб меёфт. ИНТ ҷузъи таркибии Иттифоқи нависандагони СССР буд. ИНТ маи 1934 дар Съезди I нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт. То ин вақт Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки [[11 январ]]и [[1931]] таъсис шуда буд. 10 июни 1932 КМ ПК(б) Тоҷикистон дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабии эҷодӣ» чораҳо андешид: аз ҷумла таъсиси Бюрои Ташкилии Иттифоқи нависандагони шӯравии Тоҷикистон пешбинӣ шуд. Дар ҳайати бюро 10 адиб бо роҳбарии С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дохил буданд. Муттаҳид шудани қувваҳои адабӣ дар як ташкилот ба инкишофи эҷодӣ ва ғоявии нависандагон имкон дод. Методи эҷодии нависандагони Тоҷикистон, ба мисли тамоми нависандагони шӯравӣ, методи реализми сотсиалистӣ буд. Солҳои ҶБВ бисёр нависандагони тоҷик дар сафҳои Армияи Шӯравӣ буданд; 40 наф. бо ордени Ситораи Сурх, 8 наф. бо ордени Ҷанги Ватанӣ мукофотонида шудаанд, 4 наф. қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
 
Органи олии роҳбарикунандаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Анҷумани ИТН (номи аввалааш, съезди ИТН), органи иҷроия Раёсат мебошад. Раёсат аз ҳайати худ Президиум ва Котиботи ИНТ интихоб мекунад, ки онҳо тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро анҷом медиҳанд. Аввалин раиси Правления ИНТИттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Абулқосим Лоҳутӣ]] буд. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панҷум соли 1966, шашум соли 1971, ҳафтум соли 1976, ҳаштум соли 1981, нуҳум соли 1986, даҳум соли 1991, ёздаҳум соли 1997, дувоздаҳум соли 2003, сездаҳум соли 2009 баргузор гардида, ҷараёни адабиётро ба маҷрои дархури замону ҷомеа ворид овардаанд.
== Сарварон ==
 
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун Саид Носиров (1934- 1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935-1937), [[Сотим Улуғзода]] (1944-1946), [[Мирзо Турсунзода]] (1946-1977), [[Мӯъмин Қаноат]] (1977-1991), [[Аскар Ҳаким]] (1991-2003) ва [[Меҳмон Бахтӣ]] (аз 2003 то 2015) раисӣ кардаанд.
Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоқи нависандагонронависандагони Тоҷикистонро дар солҳои 1938-1939 [[Абдусалом Деҳотӣ]], дар солҳои 1940-1944 [[Мирзо Турсунзода]] бар уҳда доштаанд.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
С-ҳои 1946 – 1977 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон М.[[Мирзо Турсунзода]] буд. Аз с. 1977 котиби якуми ИНТ Муъмин [[Мӯъмин Қаноат ]] буд. Баъдтар [[Аскар Ҳаким]] раиси ИНТИттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Алҳол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] аст.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
== Сохтор ==
 
Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоқи нависандагон бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчунин, эҷодкорони миллатҳои гуногунеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, пайваста сарҷамъу муттаҳид медорад.
Шуъбаҳои иттиҳодия ва марказҳои тарғиби адабиёти он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии гуногуни кишварамон босамар заҳмат мекашанд. Анҷуманҳо, пленумҳо, маҷлисҳои эҷодӣ, даҳаву ҳафта ва рӯзҳои адабиёт, семинарҳо ва курс-конфронсҳои адибони ҷавон, ки дар давоми 80 соли гузашта мунтазам баргузор шудаанд, пеш аз ҳама, барои ба майдон овардани адабиёти асиле хидмат кардаанд, ки ҳамнафаси халқу ҳамқадами замон, мураббию мубаллиғи ахлоқи ҳамида, роғиби эҳсоси баланди ватанпарварию миллатдӯстӣ ва хидматгору раҳнамойи бебадали мардум бошад.
Ду фароғатгоҳи муҷаҳҳаз – яке дар дараи Варзобу дигаре дар вилояти Суғд, дар хидмати адибону аҳли хонадони эшонанд.
Ду фароғатгоҳи муҷаҳҳаз – яке дар дараи Варзобу дигаре дар вилояти Суғд, дар хидмати адибону аҳли хонадони эшонанд. Маҷаллаи адабии миллии «Садои Шарқ», журнали русии «Помир» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд. Анҷуманҳо, пленумҳо, маҷлисҳои эҷодӣ, даҳаву ҳафта ва рӯзҳои адабиёт, семинарҳо ва курс-конфронсҳои адибони ҷавон, ки дар давоми 80 соли гузашта мунтазам баргузор шудаанд, пеш аз ҳама, барои ба майдон овардани адабиёти асиле хидмат кардаанд, ки ҳамнафаси халқу ҳамқадами замон, мураббию мубаллиғи ахлоқи ҳамида, роғиби эҳсоси баланди ватанпарварию миллатдӯстӣ ва хидматгору раҳнамойи бебадали мардум бошад.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
== Нашрияҳо ==
Маҷаллаи адабии миллии ''«Садои Шарқ»'', журнали русии ''«Помир»'' ва ҳафтаномаи ''«Адабиёт ва санъат»'' нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
 
== Раиси нави ИТН ==
Соли 2015 [[Низом Қосим пури Ҷаҳонгир]] дар натиҷаи интихоботи Раиси нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аксарияти овозҳоро соҳиб гардида ба ин мансаб сазовор дониста шуд. Ӯ 57 сол дошта, дар шаҳри [[Қурғонтеппа]] зода шудааст. [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]]ро бо ихтисоси филолог - журналист соли 1979 хатм кардааст.