Бобоҷалоли Мутриб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Бобо Ҷалоли Хонанда
(бе тафовут)

Нусха 22:39, 9 июни 2016

Бобо Ҷалоли Хонанда (Бобоҷалоли Мутриб, с. тав. номаълум, Ҳирот, с. тав. 1527 Ҳирот), сароянда, навозанда, ширинкор, ровии номии форс-тоҷик, зодаи Ҳирот ва онҷо даргузаштааст.

Аз овони ҷавонӣ бо созу овоз, ҳунари ровигӣ ва ширингуфторӣ шӯру шавқ дошт ва асоси адабиёт, мусиқиро назди Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ омӯхта, дар ҳунари муқаллидӣ ҳам номвари замонааш буд. Ҳафизаи қавӣ, ҳунари нафиси иҷроиаш (мутоиба, хушгуворӣ), сознавозӣ, қироати мусиқивори достонҳои таърихӣ, ҳамосӣ, мазҳабию ирфонӣ Бобо Ҷалоли Хонанда дар доираҳои ҳунарии Ҳирот ва берун аз он номвар намуд. Дар иҷрои қисм, шохаҳои созию овозии мақомҳо («нақш», «савт», «пешрав», «рех-та», «қавл») маҳорати хоса дошта, дар маҷлиси дарбору шуаро ашхоси маърифатфурӯш, риёкорро мазаммат карда, дар санъати аския, нақиза сабки нотакрори эҷодӣ рӯи саҳна овардааст. Аҳли ҳунари Бухорою Самарқанд ҳам ба ӯ пайравӣ менамуданд.

Адабиёт

Бобур, Бобурнома, Тош., 1993; Восифӣ, Бадоеъу-л-вақоеъ, Москва, 1965; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:468-1, ИШАФ Уз.; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988. [1]

Нигаред

Манбаъ

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 43 ISBN 978-99947-49-13-3