Бедил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 13:
 
== Зиндагинома ==
Мирзо Абдул Қодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни форси Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсӣ аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолиддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафи замина гузоштаанд, ки дар натичаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Абдулқодир Бедил афкори фалсафии хешро кави намуд. Ахли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маънихоро дорад.
Падар ва бобои Мирзо Абдул Қодир Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд буда, дар замони мазҳабии хонҳои [[ӯзбек]] ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Мирзо Абдул Қодири Бедил аз сипоҳиён будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст.
Хушбахтона, баъди ба камол расидан шоир дар бораи рӯзи таваллудаш қитъаи хубе иншо кардааст:
 
Сатри 32:
:Ё роихаи мушки Хутан меояд.
 
Баъди вафоти падараш тарбияи Мирзо Абдул Қодири Бедилро амакаш Мирзо Қаландар ба ӯҳда гирифт. Бо ташвиқи амакаш мадрасаро тарк намуда, (дар назари Мирзо Қаландар таҳсил дар мадраса афсонахонӣ буда, монеи равнақи истеъдоди хақиқӣ мешудааст), ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои расмӣ ва тасаввуфро аз шайх Камол ном шахс, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро дар пеши тағояш – Мирзо Зариф омӯхт. Ташаккули афкори Бедил ба маҳфили Мирзо Қаландар сахт вобастагӣ дошт. Дар маҳфили ӯ донишмандон, аҳли дину оинҳои гуногун иштирок доштанд, ки Мирзо Абдул Қодири Бедил онҳоро устодони маънавии худ медонад. Ақидаҳои адабию фалсафии Мирзо Абдул Қодири Бедил аз ду сарчашма, сарчашмаи исломӣ ва ҳиндӣ шодоб гардидаанд. Мирзо Абдул Қодири Бедил дар 12-16-солагӣ ба таъсири таълимоти дини илохӣ ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ хамрохи тағояш Мирзо Зариф ба мулки Удеса (ҷануби..Ҳиндустон) сафар карда, бо олим ва рӯҳшиноси машҳур Шоҳ Қосими Ҳуваллоҳӣ шинос шуд ва бо роҳбарии ӯ се сол дониши худро такмил дод. Баъди ин ба ошкоро шеър гуфтан сар кард. Дар ин айём Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар паиҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21- солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт. Шоир зодгоҳи худро тарк намуда, ба Дехлӣ рафт ва бо Шоҳкобулӣ ном маҷзуби ҳиндинажод шинос шуда, ба тариқати маҷзубия майл кард. Муаммои илми сеҳр (гипноз) ва амалиёти соҳирии Шоҳкобулӣ, ки Бедилро чанд маротиба аз «таҷрибаи психологӣ» гузаронида буд, шоири файласуфро дар ҳайрат гузошт. Мирзо Абдул Қодири Бедил бо неруи тавонои ақл асрори ин илмро кашф кард. Вай аз унсурҳои илми сеҳр дар эҷоди бадеӣ истифода карда бошад ҳам, пояи ақидаи Шоҳкобулиро «олами хоб» донист ва андешаю фаҳмиши фалсафии худро, ки ба «олами бедорӣ» ва «огоҳӣ» асос ёфтааст, ба он муқобил гузошт. Мирзо Абдул Қодири Бедил дар 25-солагӣ хонадор шуда, барои таъмини маишати оила чанд вақт дар дарбори Аъзамшоҳ касби падар - сипоҳигариро ихтиёр кард. Вале навкарии Аъзамшо ва муҳити дарбор ба эътиқоду табиати озодихоҳ ва маъниҷӯи Мирзо Абдул Қодири Бедил созгор наафтод. Яке аз наздикони Мирзо Абдул Қодири Бедил шоирии ӯро ба шоҳзода хабар дод, шоҳзода аз Бедил дар мадҳи худ қасидае дархост кард. Бедил ин муддаоро рад кард ва аз хизмати шоҳ даст кашид. Умуман, Бедил дар мадҳи касе қалам нарондааст ва дар ин хусус чунин ақида дорад:
 
::Эй басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро
Сатри 43:
::Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чох аст!
 
Мирзо Абдул Қодири Бедил пас аз тарки навкарӣ аз Деҳлӣ ба Акбаробод (Агра) рафта, дар маҳфилҳои адабӣ иштирок карда, бо шоиру донишмандони давр Зуҳурӣ, Иззат ва дигарон ошноӣ ва бо ҳокими фозилу шеърдӯст Мири Комгор дӯстӣ пайдо кард. Ин давра дар инкишофи фикрии шоир марҳилаи наве буд. Ӯ донишеро, ки аз манбаъҳои ҳиндию исломӣ гирифта буд, ба мизони ақл санҷида, ба олам бо назари тоза менигаристагӣ шуд. Ин ҳол боиси афзудани зиддиятҳои ақидавии Бедил ва дигар аҳли илму адаб гардида, беш аз ин дар Акбаробод таваққуф карда натавонист ва ба Деҳлӣ баргашт. Вале Деҳлӣ низ ҷои осоиш набуд. Дар натиҷаи авҷи амалиёти мутаассибонаи Аврангзеб (1658-1707) вазъи сиёсии пойтахт тезу тунд гардида, дар музофотҳо шӯриш ба амал меомад.Мирзо Абдул Қодири Бедил бо маслиҳати дӯстон дар сурати маҷзуб ба Лоҳур (Панҷоб) рафт. Ин дафъа маҷзубии ӯ як навъ ниқоби муҳофизат аз ошӯби давр буд. Дар ин сафар Мирзо Абдул Қодири Бедил аз олимону шоирони давр бо Шукруллохони Наввоб вохӯрда унс гирифт. Бо ёрии Шукруллохон дар Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва хоказо саёҳат карда, бо олимон, шоирон, донишмандони мусулмону ҳинду сӯҳбатҳои илмию адабӣ орост. Ин сӯҳбатҳо барои Мирзо Абдул Қодири Бедил як мактаби тоза буданд ва ба табъу андешаи файласуфи навҷӯю навгӯ мувофиқ афтоданд. Дар ин ҷо «Упонишот», «Маҳабҳарата» барин асарҳои илмию фалсафии дар замони Дорошукӯҳ ба форсӣ тарҷумашудаи ҳиндиро, ки дар китобхонаи Шукруллохон маҳфуз буданд, мутолиа кард. Зиндагии Мирзо Абдул Қодири Бедил то с.1696 дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон бо сарпарасти Шукруллохон гузашт. Баъди Шукруллохонро ба Деҳлӣ даъват карда, мансаби баландтаре додани Аврангзеб Бедил низ ба Деҳлӣ омада, то охири умр он ҷо монд.
 
Мирзо Абдул Қодири Бедил дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод карда, дар муддати 77 соли умри худ 11 подшоҳро дидааст.
 
:Бедил маро харзасарои шон нест,
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бедил"