Пиряхи Ванҷях: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 2:
'''Пиряхи Федченко''' - муъҷизаи беҳамтои табиати афсункори [[Тоҷикистон]] буда, дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи Улум дар [[Помир]] ҷойгир шудааст. Ин пирях аз пайванди қаторакӯҳи Академияи Улум бо силсилакӯҳи Язғулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.) маскан гирифтааст. Минтақаи ғизогирии пирях дар баландиҳои 6200 то 6300 м., вале забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2909 м. паст фаромадааст.
== Дар китоби „Рекордҳои замин”==
Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳи ба шумор рафта, '''дар китоби „Рекордҳои замин”''' дохил шудааст. Дарози ин пирях 77 км., масоҳаташ 650 километри мураббаъкм², ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км². мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 километри мукаабкм³ баробар буда, дар он қариб 100 километри мукаабкм³ об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти Географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
 
== Таърих==
Пиряхи мазкурро соли [[1876]] сайёҳи рус В. Ф. Ошанин кашф намуда, онро ба хотири дӯсташ А. П. Федченко, яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Миёна номгузори намуда буд. Тобистони соли 1908 капитани рус Н. И. Косиненко ва ҳамкоронаш қариб нисфи масоҳати пиряхро омӯхтанд. Байни солҳои 1910 то 1926 дар омӯзиши ин пирях Н. Л. Корженевский саҳм гирифтааст. Таҳқиқи ҳаматарафаи пирях соли 1928 бо роҳбарии академик Н. П. Горбунов шуруъ гардид ва ҳамон сол аз тарафи И. Г. Дорофеев ба нақша гирифта, шохаҳои он низ муайян ва номгузорї карда шуд. Бо иқдоми Н. П. Горбунов, дар канори пиряхи Федченко хонаҳои истиқоматӣ ва пойгоҳи обуҳавосанҷӣ дар баландии 4169 м. насб карда шуд ва 7-уми ноябри соли 1933 ба фаъолият оғоз намуд.