Фарқият байни намунаҳои "Саидали Вализода"

Эҷодиёти Вализода С. бо сохтмони сотсиалистӣ, бо ҳаёти хоҷагӣ ва мадании республика сахт алоқаманд аст. Солҳои 1936-38 артисти Театри колхозии ш. Сталинобод буд. Маҳз ҳамин солҳо ӯ бо А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М. Раҳимӣ, Суҳайлӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ ва диг. шинос шуд ва ба шеър бештар майлу ҳавас пайдо кард. Соли 1938 Вализода С. Ба Ховалинг баргашта, дар назди интер-нати ноҳияи Ховалинг кружоки драмаи мусиқӣ барпо кард. Минбаъд Вализода С. ба дастаи ҳаваскорони хонаи бачагони Ховалинг ҳунари мусиқӣ ва ҳофизӣ омӯхт. Шеъру достонҳои ӯ «Ба Тоҷикистон» (1938), «Эй Октябр» (1938), «Папанинчиён» (1939), «Дар васфи Кӯлоб» (1940), «Меҳнат» (1940) ва ғ. дар матбуоти даврӣ чоп шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) мақсади эҷодиёти ӯ ба ғалаба рӯҳбаланд кардани халқ буд. Вализода С. Дар шеърҳои «Хабар» (1941), «Падар ва писар» (1942), «Марг ба фашизм» (1942), «Натвонӣ» (1942), «Мур ту, саг» (1943) ва ғ. ба фашизми немис нафрати беандоза изҳор карда, бо ифтихори зиёд матонат ва қаҳрамонии одамони советиро васф мекунад. Дар номаҳои манзуми шоир «Мактуби ёр» (1941), «Мактуб» (1942), «Салом ба аскари Сурх» (1942) ва ғ. на фақат ҳисси интиқоми одамони советӣ, балки дар онҳо алоқаи мустаҳками фронту ақибгоҳ ва ваҳдати маънавию сиёсии халқи советӣ тасвир ёфтааст. Соли 1945 оид ба корнамоии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев манзумаи «Қаҳрамон Саидқул Турдиев»-ро навишт. Соли 1949 маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Таронаҳо» аз чоп баромад. Маҷмӯ-аҳои ашъораш минбаъд бо номҳои «Дар водии меҳнат» (1955), «Ду додарон» (1960), «Шеърҳо ва достонҳо» (1965), «Ошиқи баҳор» (1970) чоп шуд. Дар ин маҷмӯаҳо беҳтарин шеърҳои то с. 1970 дар мавзӯҳои В. И. Ленин, Инқилоби Октябр, Ватан, саҳроҳои пахта, мубориза бар зидди ҷангҷӯён, васфи сулҳ, сохтмонҳои азими республика ва ғ. эҷодкардаи шоир гирд омадаанд. Ватан дар тасвири шоир гулшани абад, боғи роҳатбахш, бӯстони беозор, манзили аз ғаму андӯҳ озод, бой ва тавоно мебошад. Ӯ дар ҳамаи шеърҳои ба Ватан бахшидааш меҳри бепоёни худро нисбат ба Ватани сотсиалистӣ бо ифтихор ифода кардааст. Вализода С. дар шеърҳои «Меҳнат кун», «Зарур», «Ибрат гир», «Ҳангоми кишти пахта», «Даъвати ман», «Меҳнат шараф аст», «Ҳадаҳа», «Стаханов», «Духтари озод» ва ғ. бунёдкориҳои одамони советӣ, кору рафтори зарбдорони майдони меҳнатро тасвир кардааст. Вализода С. ҳамчун вассофи ғояҳои сулҳу амният дар шеърҳои «Лаънат ба ғоратгарон», «Нест бод ҷангҷӯён», «Нест бод ҷанг» симои импералистони хориҷӣ-оташди-ҳандагони ҷанги навро фош ва маҳкум намуда, дар шеърҳои «Қувваи сулҳ», «Тарафдори сулҳ» ғояҳои сулҳу озодиро ташвиқу тарғиб намудааст. В. шеърҳои ҳаҷвӣ низ эҷод кардааст. Вализода С. муаллифи манзумаҳои «Достони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1946), «Нозими Ватан» (1952), «Ду додарон» (1958), «Нодир ва Мӯҳтарам» (1964) низ мебошад, ки дар ин офаридаҳо ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ғ. тарғиб шудааст. В. инчунин гурӯғлихони машҳур буд. Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Аз соли 1943 узви ИН собиқ ИҶШС.
ШИКОЯТ АЗ ПИРИ
чаро керам ту акнун сар кашоли
 
ваё аз ман ситам диди малоли
 
кучо шуд он тарангию сарангат
 
кучо шуд комати рости зарангат
 
кучо шуд рангу руи бовисолат
 
маро дар назди кус карди хичолат
ЧАМИК 1993
 
==Некдошт==
Anonymous user