Дилшод Раҳимӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 18:
==Фаъолияти илмӣ==
Раҳимов дар қатори таҳқиқи масъалаҳои фолклоршиносӣ ба омӯзиши масоили антропология ва мардумшиносӣ низ машғул шудааст. Ӯ бештар дар мавзӯъҳои назарияи фолклор, насри шифоҳӣ, мифология, ҷашну маросимҳо ва бовару эътиқодоти мардуми тоҷик пажӯҳиш мебарад. С 2003 ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шугун ҳамчун жанри фолклори тоҷик» дифоъ кардааст. Раҳимов аз с. 2006 узви Созмони фолклори Амрико мебошад, ки ин созмон беш аз 2000 фолклоршиносони кишварҳои ҷаҳонро муттаҳид кардааст. Ӯ дар якчанд курсҳои такмили ихтисос ва мактабҳои тобистонаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби сертификату шаҳодатномаҳо дар соҳаи мардумшиносию антропология шудааст. Таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, кореягӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расидаанд.
Баъзе аз мақолаҳояш дар сомонаҳои Интернет низ нашр гардида, дастраси хонандагони миқёси ҷаҳонӣ гаштаанд. Раҳимов Д. муаллифи беш аз 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Соли 2007 маҷмӯаи достонҳои эпоси «Гӯрғулӣ»-ро бо адабиётшиноси эронӣ С. Ҳунарманд ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони «Ҳамосаи Гӯрғулӣ ба ривояти тоҷикӣ» дар ИМА нашр намудааст.
Раҳимов Д. яке аз муаллифони асосии "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" ҷ.1.(2015) буда, ба қалами ӯ 160 мақолаи ин ҷилд тааллуқ дорад.
Раҳимов Д. роҳбари гурӯҳи Мероси фарҳанги ғайримоддии назди ПИТФИ буда, зери роҳбарии ӯ Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ тартиб дода шуда, ба табъ расидааст. Инчунин ӯ роҳбари гурӯҳи кории номинатсияҳои "Санъати чакндӯзии тоҷикон", "Наврӯз", "Оши палав ва контексти фарҳангию иҷтимоии он дар Тоҷикистон" мебошад, ки номинатсияҳои мазкур барои сабт шуданг ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд.
 
==Осор==