Фарқият байни намунаҳои "Ҷӯрабек Муродов"

→‎Ҳолнома: таҳрир
(таҳрир)
(→‎Ҳолнома: таҳрир)
'''Ҷӯрабек Муродов''' - (24.12.1942), ҳофиз, мутриб ва оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ). Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон [[1967]] [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] [[1974]]. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] [[1979]].
 
== ҲолномаЗиндагинома ==
Ҷӯрабек Муродов [[24 декабр]]и соли [[1942]] дар деҳаи Куруд, [[ноҳияи Айнӣ]] ба дунё омадааст.
* Солҳои 1962-1963 баъд аз хатми [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи педагогии Ленинобод]] ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоӣ кор дар [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|донишкада]].
* Аз соли [[2006]] - ба ҳайси ҳофизи [[Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ]] кор карда истодааст.
 
== Эҷодиёт ==
Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ - «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов]]), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди [[Домулло Ҳалим]]), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик Бобоқул Файзуллоев), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба Борбади Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхон]], [[Домулло Ҳалим]], устод Шодӣ, [[Акашариф Ҷӯраев]], [[Бобоқул Файзуллоев]], ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри ӯ дар ҷодаи санъат.