Ҷӯрабек Муродов: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Матлубахон (баҳс | ҳисса) →Ҳолнома: таҳрир |
Матлубахон (баҳс | ҳисса) |
||
Сатри 19:
== Эҷодиёт ==
Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ - «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз
Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад. Аз ҷумла, соли 1998 ҷилди якуми китоби бисёрҷилдаи тарҷумаиҳолӣ дар Москва таҳти унвони «Дар тамаддуни имрӯза, кӣ кӣ аст?» аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, қисматҳои «Инсони асри ХХ», «200 нафар арбоби барҷастаи имрӯз» ва «Хазинаи тиллоӣ»-ро дар бар мегирад.
|