Ориёӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 34:
Дар хулоса оиди забони оғозии ориёниҳо эҳтимоли бештари маъмули реалии таърихидошта дар ин аст ; нахустзабони ориёни дар ибтидо дар худи сарзамини Ариана-Арйана Вайҷаи «Авесто» чун маҳсули меҳнати дурударозу мушкили замони азхудкунии табиату муҳити зисти нахустмеҳани худ ва гузариш аз тарзи хаёти истеъмоли маҳсули тайёри табиат ( шикор ва ҷамъоварии меваҳои рустани ) ба тарзи нави ҳаёти истеҳсоли ( зироаткори, чорводори, хунархои қадимтари маъданкори , [[кулолӣ]] , бофандагию дузандагӣ ва ғ.) , дарккунии муҳити зисти атроф ва худмуқовиматсозии ҷисми , меҳнати , ва хусусан зеҳнию маънави инсон рост меояд ва давраҳои инқилоби перманентии неолити , энеолит ива биринҷиро дарбар мегирад. Оиди хулосаи дигари (дуюми) асосии маъмултари ориёншиносии имруза дар кисми дуюми ҳамин боби китоби дарси сухан меравад.
 
Дар ин ҷо бошад, аввалан оиди [[ҳиҷрат]] (миграция), яъне заминкушоизаминкушоӣ ва паҳншавии қавмҳои ориёнии қадимтарин дар [[Осиё]] ва [[Аврупо]] ба хотир орем . Дар вақти тадкикотхои лингвисти ва ҳарфиётҳои бостоншиносии (археологи, топонимики, эпиграфики ва ғ.) дарозмуддати натиҷаноки асрҳои XIX-XX чанд минтақаи хеши, ҷамбастагии хоҷаги, иҷтимои вамаданидошта ҷудо шуданд, ки ба маълумоти хаттии “ Авесто ” ва дигар сарчашмахои мавҷудаи қадими эрони, юнону руми, ҳинди, ва ғайра рост меоянду аз сабаби нопуррагии онҳо боиси баҳсҳои доманадору бисёрфикрии олимони ориёншинос шуданд. Агар аз шимолу ғарб ин минтақаҳоро номбар кунем, руйхати зерини гурӯҳҳои калони онҳо чунин мешавад:
 
1. Қавмхои гурӯҳи маданиятҳои андроновии даштҳои шимол аз нахустбозёфти бошишгоҳи Андроново дар Енисей то бошишгоҳҳою қабристонҳои даштҳою доманакӯҳҳои Урали ҷанубӣ, поёноби Волга, Каспийи Шимолӣ ва қавмҳои маданиятҳои Тозабогоби ва Суяргонии Баҳри Арал. Дар ин даштҳо баъдтар, дар хазораи I то милод қавмҳои конфедератсияҳои скифусакои ва массагети ривоҷ меёбанд , ки ориёни нажоди сони буда, осорҳои археологии онҳо, хусусан қабристону курғонҳо дар Туваю Олтои Кӯҳӣ , даштҳои шимолии Осиёи Маркази , мавзеҳои поёноби Сирдарё ва атрофи Баҳри Арал кашф шуданд. Ин минтақаҳои Ориёнзамин дар “Авесто” чун Арйана Вайча ( Фазои бузурги Ориёни ) тасвир шудааст .
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ориёӣ"