Рӯдакӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: илова
х Имло, replaced: шуҳрат → шӯҳрат using AWB
Сатри 43:
{{иқтибос|муаллиф=Рӯдакӣ|
<big>'''Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
;Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.'''</big>}}
 
 
[[Наср ибни Аҳмад]]и Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Ӯ Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонд. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст. Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд.
Line 119 ⟶ 118:
:Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
:Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
:Киштие соз, то бад-он гузарӣ!}}
 
{{lang-en|Look upon the world with an eye of reason,
Line 130 ⟶ 129:
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ [[Калила ва Димна]]ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.
== Порчаҳо аз «Калила ва Димна» ==
{{иқтибос|муаллиф=[[Рӯдакӣ]]|
<big>'''Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
;Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
;Ҳеҷ талхӣ нест бар дал талхтар,
;Аз фироқи дӯстони пурҳунар.'''</big>}}<ref>Рӯдакӣ.Шеърҳо.Тартибу тавзеҳи У. Каримов ва [[Садрӣ Саъдиев|С. Саъдиев]]. - Душанбе: Ирфон, 1974. - 217 с.</ref>
 
 
Баъди ин Синдбодномаро менависад. Соли 933 қасидаи ''Модари май''ро дар чанд рӯз мегӯяд, ки он дар шакли боқимондааш аз 94 байт иборат аст. Соҳиби девони бузург будани Рӯдакӣ аниқ аст. Девони маҷмӯаи ашъори лирикии ин ё он шоир аст, ки мувофиқи жанрҳо ҷобаҷо карда мешавад. ''Калила ва Димна'' ва ''Синдбоднома''ро боз 5 маснавии дигар доштааст. Ҳамаи ин нишон медихад, ки Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа аз шоирони пурмаҳсул будааст. Аз ин ҷиҳат Муҳаммад Авфӣ ашъори ӯро сад дафтар, яъне сад ҷилд мегӯяд. Шоири асри XI [[Рашидии Самарқандӣ]] сездаҳ рах сад ҳазор байт будани шеъри Рудакиро хабар медихад:
Line 149 ⟶ 147:
;Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.'''</big>}}
 
Аз ин осори беандоза бузурги устод Рӯдакӣ акнун дар ҳудуди ҳазор байт боқӣ мондаасту бас. Вале ҳамин миқдори ками дурдонаҳои ӯ низ нубуғи шоирӣ ва қудрати офаридагори устодро намоиш медихад.
 
* [[Модари май]]
Line 161 ⟶ 159:
[[Акс:Осорхонаи А. Рӯдакӣ 1.jpg|thumbnail|[[Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ|Осорхонаи А. Рӯдакӣ]] дар [[Панҷакент]]]]
[[Акс:Мақбараи устод А. Рӯдакӣ, ш Панҷакент.jpg|thumbnail|Мақбараи Устод Рӯдакӣ дар [[Панҷакент]]]]
Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рудакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳратишӯҳрати тамом ёфта буд. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи ''Модари май'' ишораҳо дорад. Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Ахмад (914- 943) таасуб ва хурофоти мазҳаби хеле боло рафт.
Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷуи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
 
Line 189 ⟶ 187:
;Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,
;Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй! '''</big>}}
 
 
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 - ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» '''яксаду ҳаштод ҳазор байт''' баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки [[Рашидии Самарқандӣ]] устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.<ref>[http://www.ishq.tj/publ/shoironi_klassik/abuabdullo_i_r_dak/zindaginomai_abuabdullo_i_r_dak/7-1-0-29 Зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рӯдакӣ"