Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х Имло, replaced: мавзуъ → мавзӯъ, шуҳрат → шӯҳрат using AWB
Сатри 26:
 
== Зиндагинома ==
Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст.Дуруст аст, ки [[соли 1975]] файласуфи шинохтаи тоҷик [[Моҳирхуҷа Султонов]] шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар [[Тоҷикистон]]и мо хоса дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадонӣ Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи Раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба [[12 октябр]]и соли [[1314]] мелодӣ мешуморанд.
 
:На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
Сатри 38:
:Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.
 
Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азкони яке аз олимону орифони шуҳратмандишӯҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди у хизмати муридӣ ба ҷо оварда матавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист ки ба дарбори ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ хирқаро ба шогирди хеш тӯҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онхоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст.Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд.
 
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд.
Сатри 66:
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.
 
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзуъҳоимавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд, ки хоса каломи мазмунаш хеле содаю равон дилчаспу оммафаҳманд. Мулоҳиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор:
:Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,