Юсуфшоҳ Яъқубов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х subst:'ing, removed stub tag using AWB
Сатри 14:
|Дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои таърих}}
|Унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ ||0}}
|Алма-матер = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]]
|Роҳбари илмӣ =
|Шогирдони маъруф =
|Маъруф ба =
|Ҷоизаҳо ва мукофотҳо = [[Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон| Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон]] ([[1999]])
|Имзо =
|Бари имзо =
Сатри 24:
|Викитека =
|Викианбор =
}}
 
''' Юсуфшо Ёқубов ''' - [[олим]], доктори илми таърих ([[1988]]), [[профессор]], Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]] ([[1991]]). [[Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон| Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон]] ([[1999]]). <ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с. </ref>
 
==Зиндагинома==
Юсуфшо Ёқубов[[16 ноябр]]и [[соли 1937]] дар деҳаи Равнови [[ноҳияи Дарвоз]]и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи деҳқон Ёқубшоҳи Муборакшоҳ ба дунё омадааст. Солҳои 1945-1952, мактаби ҳафтсолаи деҳаи мазкурро хатм намуда, солҳои 1952-1954 таҳсилро дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯробод ва синфи даҳумро дар интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Данғара хатм намуд. Соли 1955 ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] дохил мешавад.
Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ Соли 1960, баъди бомуваффақият хатм намудани [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] ба шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо ба кор даъват шуда, ба ҳайси сарлаборант ба пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент фиристонида мешавад. Солҳои 1960-1963, ба ҷуз экспедитсияи Панҷакент дар ковишҳои бостоншиносонии гурӯҳҳои Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, гӯристонҳои асри биринҷи Фархор Вахш, Б. Я. Ставиский Моғиён ва Н. Неъматов Шаҳристон, Уротеппа, Симғори Хуҷанд, Ашт ширкат намуд. Солҳои 1963-1966 аспиранти шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи А. Дониши Академияи илмҳо буд. Соли 1964 барои мавзӯи номзадӣ ба ковишҳо дар ёдгориҳои Гардани Ҳисори назди деҳаи Мадм ва қалъаи Куми деҳаи Кум буда, машғул мешавад. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои зикршуда ва сарчашмаҳои хаттии суғдӣ, форсию арабӣ рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Паргар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» навишта, онро 15 январи соли 1970 дар Шӯрои Институти Шарқшиносии АИ Россия бомуваффақият дифоъ менамояд. Аз соли 1970 то соли 1986 ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ кору фаъолият менамояд. Дар натиҷаи ҳафриётҳои тулонӣ, бори нахуст дар таърихи Суғд, умуман Осиёи Марказӣ деҳаҳои хуб боқимондаи асрҳои VI- VIII мелодӣ Гардани Ҳисор ва Кум комилан кофта шуданд ва дар асоси маводи нодири ба даст омада ва боз 118 ёдгории дигари кашфшуда, рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Раннесредневековые сельские поселения Горного Согда” (Деҳаҳои ибтидои асри миёнаи кӯҳистони Суғд)-ро менависад. Аз солҳои 1986-1989 ба ҳайси ходими пешбари илмӣ дар шуъбаи бостоншиносӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1989 то соли 2011 вазифаи мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Соли 1991 аъзои корреспонденти Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Фаъолияти омӯзгории Юсуфшо Ёқубов солҳои 1971-1997-ро дар бар мегирад. Соли 2015 бо даъвати декани факултети таърих, дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]], дубора фаъолияти омӯзгории худро то ба имрӯз идома дода истодааст.
== Фаъолияти илмӣ ==
Сатри 56:
== Мукофот ==
* [[Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон| Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон]] ([[1999]]).
== Манобеъ ==
<references/>
 
{{bio-stub}}
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Олимон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ: Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Таърихшиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]