Лоиқ Шералӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 209:
Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност»!»''{{охири иқтибос}}
'''(Лоиқ Шералӣ дар пешгуфтори китоби «Хуросон аст инҷо»-и [[Муҳаммадҷон Шакурӣ|Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ]])'''<ref>[https://sayyedyunus.wordpress.com/2015/03/31/%D0%BE%D0%B1-%D0%B0%D0%B3%D0%B0%D1%80-%D1%81%D0%B0%D0%B4-%D0%BF%D0%BE%D1%80%D0%B0-%D0%B3%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%B0%D0%B4-%D0%B1%D0%BE%D0%B7-%D0%B1%D0%BE-%D2%B3%D0%B0%D0%BC-%D0%BE%D1%88%D0%BD%D0%BE/ Сайидюнуси Истаравшанӣ]</ref>
 
==Аз ғазалҳо==
{{аввали иқтибос}}:Мезанад борон ба шиша
:Тора-тора, ришта-ришта.
:Шеърҳоям нимкора,
:Саргузаштам нонавишта.
:Мезанад борон ба шиша
:Ҳамчу ангушти фаришта.
:Хотиротам мисли борон
:Бигзарад аз кӯҳу пушта.
:Мезанад борон ба шиша
:Қарзхоҳона думушта.
:Ҷомҳоям нимахурда,
:Зиндагиям бесаришта.
:Ними умрам монда ё на,
:Нимаи хубаш гузашта.
:Дафтарам холист, холӣ
:Чун заминҳои накишта.
:Бигзарам ман ҳам чу борон
:Як замон з-ин кӯҳу пушта.
:Ман биҳишта оламеро
:Ё маро олам биҳишта...
:Ёбадам як рӯз борон
:Аз сари олам гузашта,
:Ё наканда қарзи дилро,
:Ё васият нонавишта...
{{охири иқтибос|сарчашма=Лоиқ Шералӣ}}
 
== Пайвандҳо ==