Алоуддин Баҳоуддинов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
таҳрир
х илова
Сатри 27:
 
 
'''Алоуддин Маҳмудович Баҳоуддинов''' — [[олим]], файласуф, академики [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] ([[1953]]), [[доктори илм]]ҳои фалсафа ([[1951]]), [[профессор]] ([[1952]]), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон ([[1961]]), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] ([[1967]]).
 
== Зиндагинома ==
Алоуддин Баҳоуддинов соли 1931 Академияи омӯзгории ш. [[Самарқанд]]ро тамом карда, таҳсилро солҳои 1931–1934 дар аспирантураи академияи мазкур давом дод. Дар Донишкадаи омӯзгории ш. Самарқанд кори илмӣ мебурд. Солҳои 1928–1930 муаллими Академияи омӯзгории ш. [[Самарқанд]], 1931–1934 дотсенти кафедраи психологияи академияи мазкур буд. Соли 1934 ӯ вазифаи муовини раиси Шӯрои Комисарони халқии ҶШС Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1941–1945 дар [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] иштирок намудааст. Солҳои 1946–1950 дар Шӯъбаи фалсафаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] фаъолият кардааст. Солҳои 1936-1940 ва 1946-1951 дар [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко]] дарс дода, солҳои 1951–1959 мудири Шӯъбаи фалсафаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ ҶШС Тоҷикистон]] ва дар як вақт солҳои 1955–1962 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]]ро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1961–1970 Алоуддин Баҳоуддинов директори Институти ҳизбии назди КМ [[Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон]] ва филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ ҲКИШ буд. Ҳамзамон соли 1957 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ Ҳизби меҳнаткашони Виетнам материализми диалектикӣ ва таърихиро дарс додааст.
== МеросиФаъолияти илмӣ ==
Алоуддин Баҳоуддинов барои тадқиқоти илмии “Ақидаҳои фалсафии Ибни Сино” ба унвони номзади илми фалсафа (1948) ва барои рисолаи илмии “Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX” ба унвони доктори илми фалсафа (1951) мушарраф шудааст. Асарҳои асосии ӯ ба таърихи фалсафа ва афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик бахшида шудаанд. Муаллифи асари “Доир ба масъалаи муттаҳидии миллати тоҷик” (1957), “Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик” (1961). Яке аз муаллифони “Очеркҳои таърихи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон” (Душанбе, 1964, 1969) ва “Таърихи ташкилотҳои коммунистии Осиёи Миёна” (Тошкент, 1967). Тарҷума ва нашри асари Ибни Сино “Донишнома” ба забони русӣ саҳми босазои ӯст. Дар илм ӯ доир ба таҳлили ақидаҳои фалсафа ва иҷтимоии мутафаккирон Ибни Рушд, Ибни Боҷа, Ибни Халдун, инчунин фалсафаи ихвонуссафо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Тадқ. фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои XIX-XX, ақоиди фалсафи-иҷтимоиӣ асосгузори маорифпарварӣ [[Аҳмади Дониш]], ҳамзамонон ва паӣравони ӯ – Шоҳин, Асирӣ, Сиддиқӣ, Айнӣ ва диг.
 
== Сафарҳои илмӣ ==
Алоуддин Баҳоуддинов иштирокчии Конгресси IV умумиҷаҳонии сотсиологҳо дар [[Италия]] ([[1957]]), сардори ҳайати вакилони файласуфони шӯравӣ дар конгресси сотсиологҳои [[Ҳиндустон]] ва [[Покистон]] ([[1963]]). Дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҳизби меҳнаткашони Ветнам аз материализми диалектикӣ ва таърихӣ дарс гуфтааст.
 
== Осор ==
* Материалҳо аз фанни педагогика. – Сталинобод, 1940;
* Материалы по педагогике. – Сталинабад, 1940;
* Философские взгляды Авиценны в его книге «Дониш-намэ». – М., 1947;
* Сиасет-намэ. Книга о правлении вазира XІ столетия Низам ал-Мулька. – М., 1949;
* Из истории общественно-политической мысли таджикского народа второй половины XІX и начала XX вв: Дисс…доктора философ. наук. – М., 1950;
* Развитие столицы Таджикской ССР. – Сталинабад, 1952 (соавтор);
* Ибни Сина. Даниш-намэ. Книга знания. Перевод и предисловие. – Сталинабад, 1957;
* К вопросу о консолидации таджикской нации. – Сталинабад, 1957;
* Основы диалектического материализма. – Ханой, 1958 (на вьетнамском языке);
* Марҳалаҳои асосии таърихи тараққиёти фалсафа. – Сталинобод, 1959;
* Очерки по истории таджикской философии. – Сталинабад, 1961;
* Роль русского рабочего класса в исторических судьбах таджикского народа. – Д., 1967 (соавтор);
* Избранные произведение. – Д., 1980;
* Очерки по истории таджикской философии. – Д., 2011.
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
* Орденҳои Ленин (1945),
Line 42 ⟶ 61:
* Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (1967).
* медалу ифтихорномахо мукофотонида шудааст.
 
== Некдошт ==
Ба номи ӯ Пажуҳишгоҳи фалсафаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва яке аз кӯчаҳои ш. [[Душанбе]] гузошта шудааст.
 
==Манобеъ==
== Адабиёт дар бораи Алоуддин Баҳоуддинов ==
* Алоутдин Махмудович Богоутдинов. Библиография. – Д., 1961, (нашри 2-юм 1971);
* Богоутдинов Алоуддин Махмудович. Материалы к библиографии ученых Таджикистана. – Д., 1981;
* Олимов К. Машъали роҳи хирад. – Д., 2011; А.М.Богоутдинов-основатель нового исследования философия. – Д., 2011.
* Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.33-34
* Энсиклопелияи советии РСС Тоҷикистон. Ҷилди 2. – Душанбе, 1989.
Line 62 ⟶ 86:
[[Гурӯҳ:Ходимони давлатии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]