Фисоғурис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозии маълумот
Сатри 19:
Баъдтар Пифагор дар дайру майдонҳо ваъз гуфтанро тарк карда, таълимоти шогирдонро дар хона ба роҳ мемонад. Усули таълимаш басо мураккаб буд. Шогирдонро аз 3 то 5 сол месанҷид. Дар ин муддат шогирд ҳақи сухан рондан надошт, саволе намедод, танҳо устодро мешунид. Яъне сифатҳои пуртоқатию фурӯтании шогирдон аз санҷиш мегузаштанд. Пифагор аз тиб, назокатҳои фаъолияти сиёсӣ, кайҳоншиносӣ, риёзиёт, мусиқӣ, этика ва ғайраҳо ба шогирдон сабақ медод. Дар мактаби ӯ бисёр арбобони сиёсию давлатӣ, таърихдонҳо, математикҳо ва ситорашиносон сабзиданд.
== Фаъолияти илмӣ ==
Дар соҳаи [[геометрия]] низ саҳми Пифагор бузург аст. Теоремаи собитсохтааш номи ӯро дороет. Пифагор асосгузори таълимоти динию фалсафии ''Пифагореизм'' (файсогурасия) мебошад. Пифагореизм ба ташаккул ва таркиби арифметикию геометрии унсурҳо аҳамият дода, онҳоро ба астрономия алоқаманд медонист, «ҳамаи чизҳо- асли адад», мегуфт. Яъне асоси Пифагореизм таълимотест дар бораи ададҳо. Таълимот ба ададҳо мазмуни ҳаётӣ медиҳад. Даҳ ҳосили ҷамъи чор адади аввал аст (1+2+3+4=10), ки дар он як ифодагари адади ягона, ду - ҳаракат ба сӯи номаълумӣ, се - нуқтаи беинтиҳоӣ, чор - таҷассуми ҷисмонии шаклҳои мазкур мебошанд. Боз онҳо мегуфтанд, ки нуқта бо адади як, хат бо ду рақам, ҳамворӣ бо се ва ҳаҷм бо чор адад чен карда мешаванд.
Ғайр аз ин ба фалсафа мафҳумҳои ба ҳам зид (тазод)-ро низ пифагорейҳо ворид сохтанд. Онҳо ҷадвали даҳҷуфтаи ба ҳам зидҳоро тартиб доданд: интиҳо ва беинтиҳоӣ (ҳудуд вабеҳудудӣ), тоқ ва ҷуфт, як ва бисёр, рост ва чап, мард ва зан, ором ва ҷунбанда, рост ва каҷ, нур ва зулмот, некй ва бадй, мураббаъ ва чоркунҷа. Яъне, Пифагор ва пайравонаш мехостанд ҳаёти воқеиро дар муносибат бо ададҳо алоқаманд созанд. Ба Пифагор таълимот дар хусуси метемпсихоз, яъне аз як ҷисм ба ҷисми дигар интиқол ёфтани рӯҳро низ нисбат медиҳанд. Гӯё ӯ таъкид карда бошад, ки вай нахуст Эфалид, писари Ҳермес, буд. Баъд рӯҳаш дар растаниҳо ҷой гирифт, сипас ба ҷисми Эвфорб, яке аз қаҳрамонони муҳорибаи Троя, гузашт, аз вай боз ба тани ду нафари дигар.

Пас аз вафоти Пифагор таълимоти ӯ дар бисёр шаҳрҳои ЮнонйЮнони Бузург рушд ёфт. <ref>Файласуфи МусскийЮнони С.Қадим, Семашкоходими И.барҷастаи 100дину инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбесиёсат, 2010.асосгузори -пифагореизм Смебошад. 42 – 39 </ref>
Дар мактаби Пифагор бори нахуст [[геометрия]] ба сифати фанни мустақил шинохта шуд. Маҳз Пифагор ва шогирдони ӯ ба пажӯҳиши геометрия ҳамчун илми назариявй дар хусуси шаклҳои геометрии абстракт даст заданд. Дастоварди муҳимтарини илмии Пифагор ба математика муттасил ворид сохтани исбот аст. Қайд кардан ҷоиз, ки танҳо пас аз ҳамин амал [[математика]] ба илм табдил ёфт. Бо таваллуд шудани математика илм ба дунё омад, зеро «ягон тадқиқоти инсон, то аз исботи математикӣ нагузарад, илми ҳақиқӣ ба ҳисоб намеравад» (Леонардо да Винчи). Ба ақидаи Пифагор (Самосӣ, Файсоғурас) асосҳои математикаададҳо - дар айни замон асосҳои дунё ва муносибатҳои ададӣ ин инъикоси мутаносиби худи гетӣ мебошад. Аз ин рӯ ҷаҳон «Кайҳон» ном гирифт, зеро дар он қоида ва мутаносиби хукмронанд. Бори нахуст фарзияи пуфакмонанд будани замин дар мактаби Пифагор ба миён омад. Пифагор назарияи мусиқӣ ва илми садо (акустика)-ро рушд бахшид.<ref> Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 39 – 44 </ref>
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
{{commons|Pythagoras}}