Усмон Олим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 27:
 
== Зиндагинома ==
[[Шоир]] ва [[нависанда]] Усмон Олим [[30 июл]]и соли [[1936]] дар оилаи Олимхоҷа ном шахс, дар қишлоқи [[Пастиғав]]и ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли [[1953]] ба Институти педагогии шаҳри [[Хуҷанд]] дохил шуда, соли [[1957]] факултаи забон ва адабиёти донишгоҳро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, аз сентябри соли 1957 то феврали 1958 омӯзгори мактаби миёнаи №5 ноҳия будааст. Аз феврали 1958 то январи 1960 мудири шуъбаи рӯзномаи «Байрақи Ленин», солҳои 1960-1961 ҷонишини директори мактаби миёнаи №5, соли 1961 ходими адабии рӯзномаи «КомсомолиТоҷикистон», солҳои 1962-1965 ҷонишини директори мактаби миёнаи №13, соли 1965 котиби масъули ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия, солҳои 1965-1969 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, 1969-1971 шунавандаи шуъбаи журналистикаи Мактаби олии назди КМ КПСС (Маскав), 1971-1973 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», 1973-1988 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ, 1988-1989 мухбири озоди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», 1989-1994 омӯзгори мактаби №3 ноҳия, 1994-1996 роҳбари адабии Хонаи пешоҳангони ноҳия, аз соли 1996 мушовири рӯзномаҳои «Машъал»-у «Сухани халқ» ва машғули корҳои эҷоди аст. Ноябри соли 1996 бо карори ЮНЕСКО чашни байналмилалии 675-солагии классики адабиёти точику-форс Шайх Камоли Хучанди дар Эрон бо нуфузи зиёди адибону фозилони дунё баргузор гашт ва ба у низ муяссар шуд,ки махсус дар форумхои Техрон ва Табрез иштирок ва баромад кунад,ва оромгоххои сохибчашнро дар Валионкуй ,Хофиз ва Саъдиро дар Шероз, Хочуи Кирмони, Тахти Чамшед,Фирдавсии Туси ва мавзолеи Имом Ризоро дар Машхад зиёрат намояд,ва ду китоби шеърхояшро бо форси дастраси хонандагон гардонад.Дар пешгуфторхою маколахои ботафсил бахшида ба эчодиёти у як зумра олимону шоирон аз чумлаи академик Н.Салимов,Курбон Восеъ, А.Сайфуллоев Т.Зехни,Х.Мирзозода,Фарзона,А.Рахматзод,Н.Нур,Усмон Назир,Б.Мирсаидов,Усмон Гаффоров,Усмон Солех,Гулназар Келди,Кутби Киром,Рахим Чалил,Хакназар Гоиб ва нихоят доктори улум собик президенти Чумхурии Эрон Махмуди Ахмадиначот бахои арзанда додаанд. Аз моҳи августи соли 1997 гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Соли 1972 дар пленуми якҷояи коркунони эҷодию фарҳангӣ дар шаҳри Москва иштирок кардааст ва ҳамчун журналисти фаъол бо медали биринҷӣ-хотиравии рӯзномаи "Известия" қадр шудааст.