Муизии Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 24:
 
==Зиндагинома==
Амирушшуаро Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдулмалик Муиззии Нишопурӣ тақрибан соли 1049дар Нишопур чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Шоир ба ифтихори Муиззуддин Маликшоҳ ибни Али Арслон «Муиззӣ» тахаллус кардааст. Маликшоҳи Салҷуқӣ чунонки дар фасли марбут ба вазъи сиёсии давраи Салҷуқиён зикр кардем бо маслиҳати вазираш Низомулмулк дар ободонии мулк саъйи бисёр кардааст. Тақрибан солҳои 1074-1075 яке аз амирони фозили султон Маликшоҳ бо номи Алоуддавла Алӣ ибни Заҳирруддин Абўмансури Фаромарз ўро ба Маликшоҳи Салҷуқӣ муаррифӣ кард. Муаллифи «Чаҳор мақола» -Низомии Арўзии Самарқандӣ, ки ба Муиззӣ эҳтироми зиёд дошт, тафсилоти он қиссаро дар ҳикояти панҷуми боби дувуми ки-тоби худ батафсил нақл кардааст. Иттилооти «Чаҳор мақола» қадимтарин ва муҳимтарин санад доир ба рўзгори Амир Муиззист, ки баъдан сарчашмаҳои дигар онро бисёр такрор кардаанд. Аввалин шеъре, ки Муиззӣ он рўз гуфт, ба Маликшоҳ баѓоят писанд омад. Иттифоқан, он рўз моҳи нав тулўъ карда буд ва Алоуддавла амир Алӣ аз ў хоҳиш кард, ки шеъре дар баёни зоҳир шудани ҳилоли моҳ бигўяд. Муиззӣ бадоҳатан ин рубоӣ бигуфт:
::Эй моҳ, чу абрувони ёрӣ гўйӣ,
::Ё не чу камони шаҳриёрӣ гўйӣ.